Ваҳяздата
Ваҳяздата, Ваҳяздота (асри VI то м. — номаълум) — пешвои ошӯби халқии соли 522 то м. дар Порс, ки ба муқобили Дopиюши Бузург нигаронида шуда буд.
Таърихи таваллуд | асри VI то м. |
---|---|
Таърихи даргузашт | номаълум |
Пеша | фиребкор |
Ин ошӯб баъди кушта шудани Гаумата (29 сентябри 522) сар зада, то то 16 июли 521 то м. идома ёфтааст. Ваҳяздата баъди Гаумата худро Бардияи писари ростини Куруш хонда, мутобиқи фарзияи таърихнигорон И. М. Дяконов, М. А. Дандамаев ва Ричард Фрай натанҳо дар Порс ҷонибдорони зиёде пайдо кард, балки аз Кармания, Дрангиана, Гедросия ва Моду Арахосия тарафдоронашро гирд оварда, яке аз талабгорони тоҷу тахт ва рақибони тавонои Дорои I гардид. Ваҳяздата ба муқобили Доро деҳқонон ва мардуми сершумори қаламрави Ҳахоманишиёнро бархезонда, худро дар Порс шоҳ эълон кард ва нахуст ба муқобили шаҳрбон (волӣ)-и Арахосия, ки Вивона ном дастнишондаи Доро буд, лашкар кашид. Доро ба ёрии Вивона лашкар фиристод, ки мутобиқи маълумоти Катибаи Бесутун ҷонибдорони ӯ дар Копишакони ном диз набард карда, (29 декабри 522 то м.) фавҷи ошӯбгаронро саркӯб намуданд. Вале Ваҳяздата боз неруи нав гирд оварда, дубора ба муқобили Вивона лашкар кашид. Вивона дар муҳорибаи дуюм, ки дар Гадутава ном музофоти Арахосия рӯй дод, (21 феврали 521 то м.) лашкари Ваҳяздатаро шикаст дод. Ваҳяздата баҳори соли 521 то м. дар ин ду муҳориба беш аз 7600 сарбозашро талаф дода, бо саворони камшумораш сӯйи Порс фирор намуд. Дорои 1 ба муқобили Ваҳяздата ба самти Порс Артавардия ном сарлашкарашро фиристод. Артавардия дар наздикии Раха (Рага) ном шаҳри Порс (25 майи 521 то м.) лашкари Ваҳяздатаро шикаст дод. Мувофиқи маълумоти Катибаи Бесутун Ваҳяздата дар Паишиёвода (Посоргод) паноҳ бурда, боз лашкар гирд овард ва омодаи набарди навбатӣ шуд. Дар ин набарди охирин (16 июли 521 то м.) Ваҳяздата аксари ҷонибдоронашро талаф дода, бо чанде аз ҳамсафонаш асир афтод. Муҷассамаи барҷастаи Ваҳяздата дар қатори нуҳ рақиби саркӯбшудаи Дорои I дар деворнигораҳои Катибаи Бесутун ва Тахти Ҷамшед маҳфуз мондааст. Ошӯби Ваҳяздата аз сабаби номуташаккилӣ, надоштани омодагии кофии ҳарбӣ ва нақшаи амалиёти ягона, инчунин бо ҷабҳаҳои ошӯбгарони ҳамзамонаш — Мартия, Фраварти, Фрада ва дигарон иттифоқ набастанаш ба шикаст дучор шуд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ваҳяздата / Б. Абдураҳмонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.