Ваҳҳоб
Ваҳҳоб, ал-Ваҳҳоб (ар. وهاب — бахшанда, атокунанда) — яке аз номҳои Худованд, ба маънои бахшандаи беиваз, атокунандаи беғараз ва ҳоҷатбарори бидуни суол.
Вожаи Ваҳҳоб сиғаи муболиға буда, аз решаи ҳиба — бахшиши беиваз гирифта шудааст.
Дар Қуръони карим
вироишВаҳҳоб дар Қуръони карим се бор зикр шудааст:
- رَبَّنَا لَا تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِنْ لَدُنْكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّابُ [1]
- أَمْ عِنْدَهُمْ خَزَائِنُ رَحْمَةِ رَبِّكَ الْعَزِيزِ الْوَهَّابِ [2]
- قَالَ رَبِّ اغْفِرْ لِي وَهَبْ لِي مُلْكًا لَا يَنْبَغِي لِأَحَدٍ مِنْ بَعْدِي إِنَّكَ أَنْتَ الْوَهَّابُ [3]
Дар аҳодис
вироишВаҳҳоб дар ҳадиси асмоуллоҳ дар «Сунани Тирмизӣ» (3507) дар радифи 17 собит шудааст.
Бахшандагӣ ва ҳоҷатбарории Худованд тибқи корбурдҳои гуногуни иштиқоқоти вожаи Ваҳҳоб дар Қуръон беандоза ва фарогири тамоми неъматҳо, хубиҳо ва ниёзҳо мебошад, ба монанди атои фарзанд, бозкардани хазинаҳои раҳмат, кушодани дари ризқ, офият бахшидан ва ғайра, ки дар оятҳои гуногун ба Худо нисбат дода шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ваҳҳоб // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.