Ваҷҳии Курд

{{шоир}}и форс-тоҷик (асри 16)

Ваҷҳии Курд (форсӣ: وجهی کرد‎) — шоири форс-тоҷик (асри 16).

Ваҷҳии Курд
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар Шероз зиндагӣ ва эҷод намудааст. Шоири хуштабъ буд, ҳазлу мутояба ва базлагӯиро меписандид. Аз анвои шеър бештар ба рубоӣ, (мазмуни ирфонӣ) майл доштааст. Намунаҳои ашъораш (рубоиҳояш) дар «Арафоту-л-ошиқин»-и Тақиуддини Авҳадӣ омадаанд. Рубоии зерин аз ӯст:

Дӣ пири муғон оташи суҳбат афрӯхт,
Имони маро диду дилаш бар ман сӯхт.
Аз хирқаи куфр руқъаворе бишкофт,
Оварду бар остини имонам дӯхт.

Адабиёт

вироиш