Вебер
Вебер (Ишораташ Вб, ишорати байналмилалӣ — Wb) — воҳиди сели магнитӣ дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ).
Номида ба шарафи | Вилҳелм Эдуард Вебер |
---|---|
Нишондиҳандаи ченак | Wb[1][2][3][…], Вб, Wb ва Wb |
Conversion to SI unit | 1 Вебер |
Measured physical quantity | magnetic flux[d][2][4] ва protoflux[d] |
Derived from base unit | килограмм, метр, сония ва Ампер |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ба ифтихори физики олмонӣ Вилҳелм Эдуард Вебер номгузорӣ шудааст. Вебер ба сели магнитие баробар аст, ки ҳангоми то сифр кам шуданаш дар контури бо ин сел илҳоқбудаи муқовиматаш 1 Ом аз буриши кундаланги ноқил 1 Кл миқдори электр мегузарад. Ё ки Вебер сели магнитиест, ки ҳангоми контури сарбастаро гузашта, дар фосилаи 1 с то сифр мунтазам тағйир ёфтани он дар контур КЭҲ-и ба 1 В баробар ба вуҷуд меояд. 1Вб = 1Ом∙1Кл. Дар Системаи байналмилалии воҳидҳо (СИ) Вебер сели магнитиест, ки майдони магнитии якҷинсаи индуксияаш 1 тесла буда, ба воситаи 1 м² масоҳати ба самти майдон нормал ҳосил мекунад 1Вб = 1Тл·1м²=1 В∙с.
Эзоҳ
вироиш- ↑ http://www.wurvoc.org/vocabularies/om-1.8/weber
- ↑ 2.0 2.1 6.5.3 // Quantities and units—Part 1: General (ингл.) — 1 — ISO, 2009. — P. 18. — 41 p.
- ↑ The International System of Units, Le Système international d’unités (ингл.) — 9 — BIPM, 2019. — ISBN 978-92-822-2272-0
- ↑ SI A concise summary of the International System of Units, SI (ингл.) — 2019.
Адабиёт
вироиш- Вебер // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.