Варзиши дучархасаворӣ

(Тағйири масир аз Велосипедронӣ)

Варзиши дучархасаворӣ, велосипедронӣ — навъи варзиш, ки дар он варзишгарон барои ҳарчи зудтар бо велосипед тай кардани масофаи мусобиқавӣ ҳаракат менамоянд.

Таърих

вироиш

варзиши дучархасаворӣ дар асри 19 пайдо шудааст. Барои варзиши дучархасаворӣ велосипедҳои махсус истифода мешаванд, ки сохту хусусиятҳои худро дошта, босуръат ҳаракат мекунанд. Варзиши дучархасаворӣ дар маросимҳои хос ва ба масофаҳои мухталиф баргузор мегардад. Мусобиқаҳои варзиши дучархасаворӣ дар трек, роҳҳои мошингард ва мавзеъҳои ноҳамвор баргузор мешаванд. Масофаи варзиши дучархасавории инфиродӣ дар роҳ 10 км ва бозиҳои умумӣ ва тимӣ 100 км мебошад. Як навъи варзиши дучархасаворӣ дар роҳ масофаи 175—198 км-ро дар бар мегирад. Навъи дигари варзиши дучархасаворӣ, ки «кросс» ном дорад, дар мавзеъҳои ноҳамвор (роҳ, ҷангал, чакалак, соҳили дарё ва дигар маҳалҳо) мегузарад. Мусобиқаҳои варзиши дучархасаворӣ, ки чанд рӯз давом мекунанд, аз чандин марҳала иборат буда, ҳар рӯз як масофа тай карда мешавад ва ҳар велосипедрон, ки ҳамон масофаи таъйиншударо зудтар тай кард, барандаи мусобиқа мегардад; дар охири мусобиқа рақамҳо шумурда мешаванд. Иштироккунандагони мусобиқаи варзиши дучархасаворӣ либоси махсус мепӯшанд. Дар мавридҳои лозимӣ варзишгарон метавонанд бо худ оби ошомиданӣ гиранд. Мусобиқаи варзиши дучархасаворӣ аз тарафи гурӯҳи доварон идора мешавад, ки дар раъси он сардовар қарор дорад. Вай масоили оғози ҳаракати мусобиқа, ҳисоби вақту замон, ташхиси варзишгарон, сиҳҳату саломатӣ, муованатҳои техникӣ, роҳ ва ғ-ро идораву роҳбарӣ мекунад. Агар дар ҷараёни мусобиқа велосипед вайрон шавад, варзишгар ҳақ дорад, ки онро бардошта давад, вале иҷозат нест, ки аз дигарон ёрӣ бихоҳад. Аммо агар аз мусобиқа хориҷ шуда бошад, метавонад ҳамкории дигаронро ба худ ҷалб намояд. Варзишгар дар ҷараёни мусобиқа ҳақ дорад аз обе, ки даст ба даст барояш мерасад, истифода кунад. Онҳо ҳақ надоранд, ки дар ҷараёни мусобиқа музоҳим ва монеи ҳамдигар шаванд. Дар варзиши дучархасаворӣ унвони чемпиониро нахуст соли 1960 давлати Итолиё ба даст овард. Муҳлати қувваозмоӣ дар маунтинбайк (хатсайри даврагии ноҳамвор) барои мардон 2 соату 30 с, барои бонувон 2 соат мебошад. Аввалин мусобиқаи расмии варзиши дучархасаворӣ соли 1869 дар Фаронса (Порис — Руан) сурат гирифт. Соли 1883 нахустин мусобиқаи мардонаи Чемпионати ҷаҳон дар трек дар Чикаго (ИМА) баргузор гардид. Соли 1900 Фадератсияи байналмилалии Иттиҳоди велосипедронон ташкил карда шуд, ки дар он 160 федератсияи касбӣ ва ҳаваскори миллӣ муттаҳид карда шудаанд (2005). Варзиши дучархасаворӣ аз соли 1896 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил шуд. То соли 1924 барномаи мусобиқаҳои олимпӣ ихтиёрӣ доир карда мешуданд, баъзан ё танҳо пойга дар трек (1900, 1904), ё танҳо пойга дар роҳро (1912) дар бар мегирифтанд. Солҳои 1928-92 ба барномаи олимпӣ пойгаҳо дар трек, пойгаи спринтерӣ, пойгаҳои таъкибии инфиродӣ ва тимӣ (ба масофаи 4000м), пойгаҳои гурӯҳӣ ва тимӣ дар роҳ, пойгаҳои трекӣ дар велосипеди дукаса (то 1972) барои мардон дохил карда шуданд. Занҳо барои иштирок дар пойгаҳо дар роҳ соли 1984 (бо дохил намудан ба барномаи Бозиҳои олимпӣ) ва дар пойгаҳо дар трек соли 1988 роҳ дода шуданд. Аз соли 1996 барномаи Бозиҳои олимпии варзиши дучархасаворӣ пойгаи гурӯҳӣ дар роҳ, пойгаи инфиродӣ аз рӯи вақт дар трек (танҳо мардон), пойгаи спринтерӣ, пойгаи инфиродии таъқибӣ (танҳо мардон), пойга аз рӯи хол, маунтинбайк — кросс-кантриро дар бар мегирад. Аз пойгаҳои касбии бисёррӯза дар роҳ бонуфузтаринашон «Тур де Франс», «Ҷиро д’Итолиё» ва «Вуэлта-а-Эспаня» маҳсуб мешаванд. Беҳтарин натиҷаҳоро дар варзиши дучархасаворӣ фаронсавиҳо Ж. Анкетил (ғолиби панҷкаратаи «Тур де Франс»), Б. Ино, П. Массон, Д. Морелон, Р. Шпанте, Ж. Лонго, итолиёиҳо Ф. Верри, М. Чиполинни, белгиягӣ Э. Меркс, испаниягӣ М. Индурай, ҷопонӣ К. Накано, амрикоӣ Л. Армстронг, ҳолландизан Л. Зийлард ван Морсел ба даст овардаанд. Мусобиқаҳои варзиши дучархасаворӣ, ки ҳамасола дар атрофи Порис доир мегарданд, шуҳрати хос доранд. Ба ҳамин минвол ин мусобиқа дар атроф ва акнофи Итолиё, Испания, Бритониё ва дигар шаҳрҳои бузург баргузор мешаванд. Дар солҳои охир мусобиқаҳои варзиши дучархасаворӣ дар кишварҳои Осиё равнақи хубе пайдо кардааст.

Дучархасаворӣ дар Тоҷикистон

вироиш

Дар Тоҷикистон ба ин намуди варзиш дар 99 сексияи варзиши дучархасаворӣ 4858 варзишгар машғуланд. Дар ҷумҳурӣ дар бораи варзиши дучархасаворӣ 84 номзад ба Устоди варзиши ИҶШС, 138 номзад ба Устоди варзиши Тоҷикистон ва 2 Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ тайёр карда шудаанд. Варзишгарони Тоҷикистон С. Гусейнов (1978, 1997), Николай Макаров (дар трек) чемпиони ҷаҳон ва А. Тихонов ғолиби мусобиқаҳои байналмилалии варзиши дучархасаворӣ гардидаанд. Федератсия варзиши дучархасаворӣи ҶТ октябри 2009 таъсис ёфтааст.

Адабиёт

вироиш