Вермикули́т (аз лот. vermiculus — кирмча) — минерал аз синфи силикатҳо, гурӯҳи ҳидромикоҳои триоктаэдрӣ. Формулаи кимиёиаш Mg3[AlSi3O10](OH)2∙nH2O.

Вермикулит
Формула (Mg+2, Fe+2, Fe+3)3 [(AlSi)4O10]⋅(OH)2⋅4H2O
Физические свойства
Цвет бурый, желтовато-бурый, золотисто-жёлтый, бронзово-жёлтый, зеленоватый до черноватого.
Цвет черты белая, желтоватая, блестящая
Блеск жирный, стеклянный (на плоскостях спайности перламутровый)
Твёрдость 1—1,5
Спайность хорошая по базису (001)
Излом минерал расщепляется на тонкие листочки
Плотность 2,4—2,7 (вспученного — 0,065—0,130) г/см³

Таркиби кимиёвии тағйирёбанда дорад (%): MgO — 14-15; FeO — 1-3; Fe2O3 — 3-17; Al2O3 — 10-17; SiO2 — 34 — 42; H2O — 8-15. Дар таркиби вермикулит ҳамчунин Ni, Cu, Ti, Zn, Na, K дучор меоянд. Миқдори NiO баъзан то ба 11,25 % мерасад. Шӯшабандиаш моноклинӣ. Ҳангоми якбора тафсондан ҳамчун кирм печутоб хӯрда, ҳаҷмаш то 20-30 баробар меафзояд ва вазни хосаш то 100—150 кг/м3 кам мешавад. Яке аз хосиятҳои вермикулит қобилияти катионивазкунии байниқабатии он мебошад; дар ин сурат ҷойи магнезиуми байниқабатии онро ба осонӣ калий, барий, сурб, литий, сезий ё молекулаи аммоний гирифта метавонад. Дар қишри Замин дар натиҷаи фарсоиши сангҳои биотит ва флогопитдор ҳосил мешавад. Конҳои вермикулит дар Русия (нимҷазираи Кола, Урал), ИМА ва ғарби Австралия мавҷуданд. Аз вермикулит масолеҳи бинокории садо ва гарминогузар, бетони сабук тайёр мекунанд. Инчунин барои истеҳсоли резин, пластмасса, ранг ва ғ. истифода мешавад.

Адабиёт

вироиш


Категория:Силикатҳо (минералҳо) Категория:Минералҳои алюминий