Веспасиан
Тит Фла́вий Веспасиа́н (лот. Titus Flavius Vespasianus; 17 ноябр 9[1], Falacrine[d], Итолиёи Румӣ[d] — 23 июн 79, Aquae Cutiliae[d], Латсио[d]) — имперотури Рум (солҳои 69-79). Саромади сулолаи Флавийҳо (69-96).
лот. Titus Flavius Vespasianus | |
21 декабр 69 — 24 июн 79 | |
Пешгузашта | Vitellius[d] |
Ҷонишин | Titus[d] |
аз 38 | |
Таваллуд |
17 ноябр 9[1] |
Даргузашт |
23 июн 79 (69 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Flavian dynasty[d] ва Flavii Sabini[d] |
Падар | Titus Flavius Sabinus[d] |
Модар | Vespasia Polla[d] |
Ҳамсар | Domitilla the Elder[d][2] |
Фарзандон | Titus[d][3][4], Domitian[d][5] ва Domitilla the Younger[d] |
Эътиқод | ancient Roman religion[d] |
Рутба | legatus[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишДар аҳди императории Тиберий ба ҳайати сенат ворид шуда, яке аз легионҳои Румро дар фатҳи ҷануби Британия фармондеҳӣ кард. Соли 51 консул интихоб шуда, бо амри император Нерон ошӯби яҳудиҳоро саркӯб намуд (соли 67). Баъди марги Нерон (68) бо пуштибонии музофоти шарқии Рум император эълон шуд (соли 69). Легионҳои Дунай ва шоҳи Порт — Балоши I (51-78) Веспасианро дар муборизаи зидди рақибаш Вителий дастгирӣ карда, бо ин мақсад 40 ҳазор савори портӣ фиристода шуданд. Веспасиан дар мамлакат низоми ҳарбӣ, додгустарӣ ва андозсупориро қавитар намуда, ба хотири оромиву осудаҳолии мамлакат ба лотинитаборон ҳуқуқи шаҳрванди Румро дод. Веспасиан робитаҳои иқтисодиву тиҷоратии Румро бо давлати Порт вусъат бахшида, дар аҳди Балоши I робитаҳои мусолиҳатомез ва хариду фурӯши абрешимро дар шаҳрҳои Сурия ва Антиохия ташкил кард. Ӯ ҳангоми сар задани ошӯбҳо дар Арманистон ва Атропатена (Озарбойҷон)-и Порт ба таври махфӣ аланҳоро дастгирӣ кард. Ҳамчунин Веспасиан дархости Балоши II-ро ҷиҳати ёрӣ дар муборизаи зидди аланҳо рад кард, ки ин боиси афзудани хусумати ҷонибҳо гардид. Дар давраи ҳукмронии Веспасиан ҳуҷуми Балоши II ба Сурия (соли 80) бенатиҷа анҷом ёфта, аз ҷониби сарлашкари румӣ Траян шикаст хӯрд. Баъдан Веспасиан аз муборизаҳои дохилии бародарон Балоши II, Покор ва Ороз дар Порт истифода бурда, нуфузи Румро дар Сурия, Антиохия ва Арманистон устувор кард. Дар аҳди Веспасиан Коллизей таҷдиду бозсозӣ ва чандин иморати дигар бунёд шуданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://www.britannica.com/biography/Vespasian
- ↑ Любкер Ф. Domitii (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. Рубинский — СПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 427—429.
- ↑ Titus, Flavius Sabinus Vespasianus (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 26.
- ↑ Д. К. Тит Флавий Веспасиан (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1901. — Т. XXXIII. — С. 259—260.
- ↑ Domitian (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 8. — P. 405.
Адабиёт
вироиш- Веспасиан / Б. Абдураҳмонов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.