Ве́стерн (англ. western, «ғарбӣ») — жанре ҳунарӣ аст, ки дар филм, телевизиюн, родию, бозии видеюӣ, адабиёт, наққошӣ ва соири ҳунарҳои таҷассумӣ мавриди истифода қарор мегирад. Достонҳои ин жанр бештар дар нимаи дувуми қарни XIX ва дар Амрикои қадим ва пас аз набарди Олому дар соли 1836 ва бавежа пас аз поёни Ҷанги дохилии Амрико дар соли 1865 ва Куштори зонуи захмӣ дар соли 1890 иттифоқ меуфтад.

Ҷон Уэйн — шоҳи вестерни килоссик

Бо мурури вақт вестерн дар кинои мамлакатҳои дигар мавқеъ пайдо кард. Аксаран ба фолклор ва мифология асос ёфтааст. Манбаи вестерн дар мусиқии халқӣ, дар асарҳои нависандагони амрикоӣ (Ф. Б. Гарт, М. Твен, Ф. Купер, Ҷ. Лондон), фаронсавӣ (Л. А. Буссенар, Г. Эмар) ва дигарон зоҳир мешавад. Лекин пайдоиши вестерн бо интишори асарҳои Оуэн Уистер, Макс Брэнд, Зейн Грей дар асри 19 марбут аст. Вестерн асри 20 дар санъати кино хеле васеъ паҳн шуд. Дар кино вестерн аз филми Э. Портер «Ғорати бузурги қатора» (1903) ибтидо гирифт. Дар жанри вестерн коргардонҳо Д. У. Гриффит, Ҷ. Форд, Ҷ. Стивенс, К. Видор, Г. Хоукс, К. Иствуд ва дигарон филмҳои бадеӣ офаридаанд. вестерн, маъмулан, ба таърихи Амрико, пеш аз ҳама ҳаёти кӯчи ёни ғарби Амрикои Шимолӣ бахшида шудааст. Дар маркази амалиёт подабонҳо, тирандозҳо, шерифҳо, ҷинояткорон, ҳиндуён қарор доранд. Сужет, одатан, дар асоси дасисаи содаи шавқовар сохта шуда, бо тирандозӣ, занозанӣ, муноқишаҳои пурғавғои қаҳрамонон ва ғ. идома меёбад. Вестерн навъҳои эпикӣ, мазҳакавӣ, иҷтимоӣ, реалистӣ, психологӣ, маҷозӣ, фантастикӣ ва ғ. дорад. Бисёр филмҳои ин жанрро коргардонҳои боистеъдод ба навор гирифтаанд, ки баъзан таҷовуз, миллатгароӣ, зӯровариро тарғиб менамоянд.

Филмҳои тоҷикӣ вироиш

Филмҳои «Офтоби сафеди биёбон»-и вестерн Мотил, «Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна»-и коргардони тоҷик С. Ҳомидов аз ин қабиланд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш