Ветеринария (нашрия)
«Ветеринария» — нашрияи Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии маҷалла, ки аз соли 2003 соле 4 бор дар ҳаҷми 48 саҳифа ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ мерасад.
|
«Ветеринария» фаъолияташро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма», Ойиннома ва Низомномаи худ амалӣ мегардонад. "Ветеринария " ягона маҷаллаест, ки дар он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони соҳаи байторӣ, дараҷаи хидматрасонии байторӣ ва чорводории мамлакат, комёбиҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳаи байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар зери сарлавҳаҳои «Шуъбаи расмӣ», «Таҷрибаи пешқадам», «Ҳамкорӣ», «Касалиҳои сироятӣ ва инвазионӣ», «Вохӯриҳо», «Конференсияҳо, семинарҳо», «Фармакология ва токсикология» ва ғайра маводди таҳлилии ҷолиб ба табъ мерасад. "Ветеринария " дар рушду нумӯи соҳаи байтории мамлакат саҳми арзанда дорад. Адади нашр 1000 нусха (2013).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ветеринария / М. Ҳалимов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.