Веҳрӯд, Меҳронрӯд — номи рӯди қадимӣ дар маъхазҳои бостонӣ. Баъзе олимон Вангуҳи Даитиро Веҳрӯд номидаанд. Эҳтимол, исми Веҳрӯд, ки нек, беҳ тарҷума мешавад, ба ин андеша водор кардааст. Бино ба навиштаи «Бундаҳишн», Веҳрӯд аз Хуросон сарчашма гирифта, ба баҳри Ворукаш мерезад. Аз ин лиҳоз Веҳрӯд рӯди Панҷ — Омуи кунунӣ будааст.

Веҳрӯд
Мавқеъ

Дар «Бундаҳиш» омадааст, ки «Веҳрӯд ба Хуросон бигзарад, ба Синдбум шавад, ба Ҳиндустон ба дарё резад, ӯро он ҷо Меҳронрӯд хонанд, Ҳиндугонрӯд низ хонанд». Ин ифода дар бораи айнияти Веҳрӯд ба Ому баҳсу андешаро барангехтааст. Аз ин ҷост, ки баъзе онро ба рӯди Синд, ки ба Ҳинд ҷорӣ мешавад, айният додаанд. Аммо дар ин ифода иштибоҳ нест, воқеият он аст, ки қисмате аз сарзамини Бадахшон Синд номида мешуд ва ҷойи ба ҳам пайвастани ҳафт рӯд мулкҳои атрофи Тирмиз ҷойгоҳи ба Ому ҳамроҳ шудани рӯдҳои Вахш, Панҷ, Кофарниҳон, Сурхандарё, Қундуздарё, Қашқадарё ва рӯди Шеробод Ҳапта Ҳинд Ҳиндугон номида мешуд, ки онро баъдан ба шакли Ҳафтрӯд тарҷума кардаанд. Ҷуғрофиёнависони асримиёнагӣ низ дар бораи рӯди Ҷайҳун изҳори назар карда, баъзе аз онҳо ин рӯдро Синд донистаанд. Назари ҳамчун ду шохоби як дарё будани д-ҳои Ҳинд ва Омуро Ибни Хурдодбеҳ таъйид кардааст. Муаллифи «Масолику-л-мамолик» низ ин назарро таъйид намудааст: «(Ин одам ба ман) гуфт, ки Ҷайҳун худ ба худ ба ду шоха ҷудо мешавад. Сарчашмаи ин дарё дар кӯҳҳои ас-Син воқеъ гаштааст», ки яке аз шохаҳои он дарёи Синд ва шохаи дигараш дарёи Ҷайҳунро ташкил медиҳад. Тавре дида мешавад, дар номи рӯди Панҷ ва Синд ихтилофоти зиёде ба назар мерасад. Аммо саҳеҳ он аст, ки Веҳрӯд танҳо дар як минтақаи муайян Синд хонда мешуд ва дар дигар минтақаҳо номи дигар дошт. Аммо рӯди Синд аз оғоз чунин ном дошт.

Муаллифони Юнони Қадим дар бораи ин рӯд бисёр навишта, онро Оксус хондаанд. Плиний дар асри 1 то м. аз дарёи Оксус ёдоварӣ кардааст, ки аз кӯле бо ҳамин ном ҷорӣ гардида, ба баҳри Каспий мерезад. Птоломей дар «Ҷуғрофиё»-аш бар илова аз Оксус ва водии Комед (Комеда) дар бораи қаторкӯҳи Имаус (Тсунми) зикр намудааст. Вай ҳатто нақшаи ин ҷойҳоро тартиб додааст, ки тибқи он Оксус саҳван аз арзе ҷараён мегирад, ки дар шимолтари мавқеияти кунуниаш воқеъ гаштааст".

Мутобиқи таҳлилоти рӯду дарёҳои адабиёти ориёҳиндӣ дар болооби ҳозираи рӯди Ому — Веҳрӯд уқёнуси Лавана тасвир шудааст. «Ҳафт рӯди бузург, ки қитъаи Ҷамбудвипаро аз самти ғарбӣ бурида мегузаранд, ҳамчунин ба уқёнуси Лавана мерезанд: Синдху, Рохитанша, Хариканта, Ситода, Нариканта, Рупякула ва Раквавати». Дар «Бундаҳишн» низ омадааст, ки рӯдҳои Аанг ва Веҳрӯд (Ому ва Сир) дар нахуст ҷараён надоштаанд, яъне ба шакли кӯл вуҷуд доштаанд. Ҷайҳун номи баъдии ин Веҳрӯд буда, Ому, Омун, Хироб, Харноб, Ҷароб низ номида мешавад. Панҷ асосан номи маҳаллӣ ва баъдии Веҳрӯд мебошад.

Адабиёт

вироиш