Вибратсия, навасон — лаппишҳои механикӣ.

Дар техника (мошинҳо, механизмҳо, иншоотҳо, сохтмон ва ғ.) вибратсия фоидаовар ва зараррасон мешавад. Вибратсияи фоидаоварро махсус вибраторҳо барангехта, он дар мошинҳои таъмири роҳ, сохтмон ва ғ. барои иҷрои амалиёти гуногуни технологӣ истифода мегардад. Ангезиши динамикӣ ё қуввагӣ, кинематикӣ, параметрии вибратсия, инчунин худангезиши лаппишҳо ё автолаппишҳо мавҷуданд. Ҳангоми ангезиши динамикии вибратсия қувваҳои берунаи лаппанда ё моменти қувваҳо, ки аз вазъи системаи ларзанда вобастагӣ надоранд, ба як ё якчанд ҷузъи инерсионии ин система таъсир мерасонанд; дар мавриди кинематикӣ будани ангезиши вибратсия ба як ё якчанд нуқтаи системаи ларзанда аз берун лаппишҳое равона мешаванд, ки ба вазъи система вобастагӣ надоранд; ҳангоми ангезиши параметрӣ вибратсияи система аз таъсири тағйирёбии бузургиҳои ба вазъи система новобастаи нишондодҳо (мас., зариби сахтӣ, моменти инерсия, зариби муқовимат) пайдо мешавад. Дар аксари таҷҳизоти вибратсионӣ раванди динамикӣ ва кинематикии ангезиши вибратсияро истифода мебаранд. Вибратсияи зараррасон аз таъсири ҳар кадом равандҳои дар боло зикрёфта пайдо шуда метавонад. Инчунин эҳтимоли пайдо шудани ангезиши якҷои чанд намуди вибратсия вуҷуд дорад (мас., лаппишҳои иҷбории кинематикӣ ва автолаппишҳо). Вибратсияи зараррасон, ки ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт, кори муҳаррикҳо, турбинаҳо ва мошинаҳои дигар пайдо мешавад, баъзан боиси вайрон шудани реҷаи кор ва ҳатто аз кор баромадани таҷҳизот мегардад. Барои фурӯ нишондани вибратсияи зараррасон ва кам кардани таъсири он усулҳои гуногуни муҳофизатӣ истифода мешаванд. Вобаста ба таъсири вибратсия ба тамоми бадан ё як қисми он вибратсияи умумӣ ва вибратсияи ҷузъӣ ё маҳдуд мавҷуд буда, он ҳангоми ҳаракат дар қатора, тайёра ва ғ., дар вақти кор бо путки маъданканӣ ва механизмҳои дигар, инчунин дар оғози парвозу ба замин фуруд омадани дастгоҳҳои кайҳонӣ пайдо мешавад. Вобаста ба басомад, қувва ва давомат вибратсия бо ларзиши бадан (паллестезия) эҳсос мегардад ё ба ихтилол ёфтани силсилаи асаб, дилу рагҳо, узвҳои такяву ҳаракат меоварад. Таъсири биологии вибратсия ба басомади он вобаста аст: лаппиши басомадаш то 15 Ҳс боиси ҷой иваз кардани бадану узвҳо ва вокуниши дастгоҳи мувозанат, то 25 Ҳс чун таконҳои алоҳида ҳис карда шуда, боиси ихтилоли устухон ва банду буғумҳо мегардад, ҳангоми аз 50 то 250 Ҳс будани басомади лаппиш, вибратсия ба силсилаи асаб таъсир расонида, боиси рагкашӣ ва бемориҳои навасонӣ (вибратсионӣ) мешавад; ҳангоми лаппишҳои басомадашон ултрасадоӣ энергияи механикӣ ба энергияи ҳароратӣ табдил ёфта, таъсири зиддибактериявӣ ва кавитатсионии вибратсия мушоҳида мегардад.

Адабиёт

вироиш