Видарн, Гидарн (солҳои 80 асри VI то м. — охири асри VI то м.) — яке аз давлатмардон ва волиёни аҳди Ҳахоманишиён.

Видарн
Таваллуд асри VI то м.
Даргузашт асри V то м.
Дудмон Hydarnids[d]
Падар Bagabigna[d]
Фарзандон Hydarnes II[d]

Аз ҷумлаи ҳафт пешвои бонуфузи қабилаи порсҳост, ки номаш дар Катибаи Бесутуни зикр шудааст. Дар аҳди кишваркушоиҳои Куруши II (559—530 то м.) дар фатҳи сарзаминҳои Осиёи Хурд ва қисмати шарқии Порт, Суғд ва Бохтар сипаҳсолор буд. Дар поёни давлатдории Куруш муддате волии Мод буд. Ҳангоми лашкаркашии Камбуҷия ба Миср (526—522 то м.) дар фатҳи шаҳрҳои Мемфис ва Саис иштирок дошт. Баъди марги Камбуҷия 522 то м. дар қатори ҳафт тан пешвои қабилаи порсҳо дар сарнигун сохтани Гаумата, ки худро бардурӯғ Бардияи писари Куруш номида буд, саҳм гузошт. Бо амри Дорои I (январи 521) барои саркӯб намудани ошӯби Фравартиш дар Мод лашкар кашида, ошӯбгаронро мағлуб ва ба ақибнишинӣ водор сохт. Барои хидматҳояш аз ҷониби Дорои I муддате волии Мод таъйин шуда, сипас дар ҳудуди Арманистон музофотеро ба мерос гирифт, ки ворисонаш аз имтиёзҳои хосса бархурдор буданд. Баъдтар намояндагони хонадони Антиохи Бузург насаби худро ба ӯ пайвастанд. Писари Видарн номи падарашро дошта, дар лашкари Дорои I (522—486) ва писараш Хашоёршоҳ (486—465) вазифаи сипаҳсолори дастаҳои яккачини сарбозони намиранда буд.

.

Адабиёт

вироиш