Видео
Видео (аз лот. video — менигарам, мебинам) — технологияи электронӣ барои ташаккул, сабт, коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва таҷдиди тасвири ҳаракаткунанда дар асоси принсипҳои телевизионӣ, инчунин асари аудиовизуалӣ мебошад, ки дар интиқолдиҳандаи физикӣ (видеокассета, видеодиск ва ғ.) сабт шудааст.
Видеосабт — бо видеокамера ба навори магнитӣ сабт намудани тасвир ва садо ва бо видеомагнитофон намоиш додани он дар телевизор. Ҳангоми видеосабт тасвир ва садо ба тавассути видеокамера ба сигналҳои пайдарпайи электрикӣ (видеосигналҳо) табдил ёфта, бо ин ё он усул ба навор сабт мегарданд. видеосабтро дар наворе, ки муҳлати муайяни истифода дорад, зиёда аз 10 бор сабт кардан мумкин аст. Ба воситаи видеосабт фосилаи байни намоишҳоро бартараф мекунанд. Барои сабту намоиш додани тасвир басомадҳои аз 6 МҲ тс бузург заруранд. Барои баланд накардани суръати ҳаракати навори магнитӣ ҳангоми сабт ва намоиш сараки магнитӣ дар видеокамера ва видеомагнитофон ба ғалтаки бо суръати бузург даврзананда насб шуда, сигналҳо бар қади навор неву ба он кундаланг сабт мегарданд. Меҳвари чархзании ғалтак ба самти ҳаракати навор моил ҷойгир буда, сараки магнитии он дар ҳар гардиш ба навор сатри моилро сабт мекунад. Дар ин маврид зичии сабт афзуда, ҳаракати навор нисбатан суст, яъне суръаташ ҳамагӣ 2–4,84 мм/с мешавад. Видеосабтро дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла Русия, Фаронса, ИМА, Австралия ва ғ. барои ташкили шабакаи ягонаи умумимиллии телевизионӣ истифода мебаранд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Видеосабт / Т. Ҷӯраев // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.