Видеотелефон (видеотелефония, иртиботи видеотелефонӣ) — телефонест, ки имкони нишон додани тасвир (видео)-ро дошта, тавассути он ҳамсуҳбатон дар як вақт ҳамдигарро мешунаванд ва мебинанд.

Нахустин видеотелефоне, ки соли 1878 сохта шуда, тасвир ва садоро интиқол медод, «телефоноскоп» ном дошт. Томас Эдисонро ихтироъкори видеотелефон мешуморанд. Бори нахуст видеотелефони оммавии экранаш 8-дюймаро дар Олмон Георг Шуберт сохтааст, ки соли 1936 дар Олимпиадаи тобистонии Х1 дар Олмони фашистӣ намоиш дода шуда буд. Солҳои 70 ва 80 асри 20 ширкатҳои ИМА, Фаронса ва Ҷопон видеотелефонҳоро ба фурӯш бароварданд, вале бинобар арзиши баланд доштан видеотелефон дар байни мардум маъмул нагашт. Дар асри 21 телефонҳои мобилӣ ба сифати видеотелефон истифода мегарданд. Видеотелефонҳои барномавии муосир ба бисёр барномаҳо барои мубодилаи фаврии иттилоот (ICQ, Skype, Google Talk ва ғ.) дохил карда шудаанд. Барои кор бо видеотелефони барномавӣ компютери инфиродӣ, ноутбук ё коммуникатор, веб-камера, гӯшакҳо бо микрофон ва пайвастшавӣ ба Интернет лозим аст. Сифати начандон хуби чунин барномаҳоро дастрасӣ ва содагии истифодаи онҳо ҷуброн мекунад. Феълан бо видеотелефонҳои барномавӣ баргузор намудани видеоҷаласаҳои гуногун, аз ҷумла видеоконференсияҳо хеле маъмул гаштааст.

Адабиёт

вироиш