Кароматулло Қурбонов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 3:
'''Кароматулло Қурбонов''' ([[Соли 1961|1961]] — [[Соли 1992|1992]]) — сароянда ва бастакори номии [[тоҷик]] буд, ки дар кишварҳои [[Осиёи Марказӣ]] ба шӯҳрати бузурге ноил гаштааст.
== Зиндагинома ==
Кароматулло Қурбонов [[29 ноябр]]и [[соли 1961]] дар ш. [[Кӯлоб]] ба дунё омадааст. Сипас оилаи Қурбоновҳо ба деҳаи "Партизани сурх"-и ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) кӯчидаанд. Аз хурдсолӣ Кароматулло ба шуғли мусиқӣ ва сурудхонӣ камар баста баъд аз хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба шӯъбаи "мусиқӣ ва суруд" дохил гардида онро хатм намудааст. Аввало дар дастаи ҳунарии "Суғдиён" ва сипас ҳамчун овозхони [[Дастаи эстрадии «Гулшан»|оркестри эстрадии «Гулшан»]]- назди Телевизиони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ намудааст. <ref>{{Cite web|url=http://tajikistantimes.com/tajikistan/zodr-zi-unyogari-notakror/|title=Зодрӯзи ҳунёгари нотакрор|author=|website=tajikistantimes.com|date=2018-11-29|publisher=|lang=tg|accessdate=2018-11-29}}</ref>
Ӯ яке аз қурбониёни [[Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]] аст. [[18 октябр]]и соли [[1992]] аз дасти Қумандон Восит дар ноҳияи [[Ёвон]] ба қатл расонида мешавад.<ref>[https://news.tj/ru/news/life/culture/20171129/talant-ubit-ne-udalos-pamyati-karomatullo-kurbanova Талант убить не удалось. Памяти Кароматулло Курбанова]</ref>
== Эҷодиёт ==
Шӯҳрати Кароматулло Қурбонов солҳои 1984-1990 ниҳоят баланд буд. Ҳунарнамоиҳои Кароматулло Қурбонов дар телевизиону радиоҳои ватанӣ бисёр намоён буд ва мардум сурудҳои ин санъаткорро бо ишқу муҳаббати беандоза гӯш мекарданд. Ӯ на танҳо хонандаи сурудҳои тоҷикӣ буд, балки сурудҳои русиву ҳиндиро низ бо эҳсосоти пур аз муҳаббат месароид. Бо ин роҳ дар дили ҳазорон нафар роҳ меёфт. Ба баъзе давлатҳои дунё, аз ҷумла кишварҳои шарқи наздик, кишварҳои собиқ шӯравӣ сафарҳои ҳунарӣ низ анҷом дода, шӯҳрати санъати тоҷикро ба онҳо шинос ва боло бардоштааст.
Кароматулло Қурбонов тавонист тӯли умри кӯтоҳаш зиёда аз 7 албоми сурудҳои худро сабт намояд, ки аз 76 тарона иборат мебошанд. Сурудҳои «Лаъли лабони ман биё», «Турки камонабрӯ», «Санги мазорам» аз ҷумлаи беҳтарин сурудҳои ҳофиз буда, солҳост, ки дар забону дили мардум боқӣ мондаанд ва худи Кароматуллоро ниҳоят шӯҳратманд кардаанд. Сурудҳои Кароматулло ба мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, модар, Ватан ва васфи зиндагӣ бахшида шудаанд. Ҳамаи 76 суруди Кароматуллои Қурбон хубу беҳтарин ва бомазмуну рӯҳнавозанд. Инҷо якчанд таронаҳоеро номбар мекунем, ки аз ҷониби шунавандагону мухлисони асилаш зам-зама карда мешаванд: «Борони баҳор», «Ман агар мастам», «Ту ҳам ёде бикун аз ман», «Сабзак лаби ҷӯ», «Дигар марав», «Бо ман бимон», «Шаби ошиқони бедил», «Бо дили дарё нишинам», «Чӣ дидаму чӣ дидам», «Бишнав, ки аз бунёди ман», «Турки камонабрӯ», «Андак-андак», «Рақс бикун ҷоно», «Танҳо шудам», «Санги мазорам» ва «Хайрбод». Ин сурудҳо ҳоло ҳам оҳанг, бадеияту ҷаззобият ва дилнишинии худро гум накардаанд.<ref>{{Cite web|url=http://tajikistantimes.com/tajikistan/zodr-zi-unyogari-notakror/|title=Зодрӯзи ҳунёгари нотакрор|author=|website=tajikistantimes.com|date=2018-11-29|publisher=|lang=tg|accessdate=2018-11-29}}</ref>
 
Аз 3 фарзанди Кароматулло Қурбонов ду нафари онҳо ба санъат рӯ оварда, касби падарро идома дода истодаанд. Муҳаммадрофӣ ва Нозия дар зиндагӣ мисли падарашон ҷодаи санъатро ихтиёр намуда, номи накӯ ва эҷодиёти Кароматулло Қурбоновро идома медиҳанд. Муҳаммадрафӣ роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нозия узви ин ансамбл мебошанд.<ref>{{Cite web|url=http://tajikistantimes.com/tajikistan/zodr-zi-unyogari-notakror/|title=Зодрӯзи ҳунёгари нотакрор|author=|website=tajikistantimes.com|date=2018-11-29|publisher=|lang=tg|accessdate=2018-11-29}}</ref>
 
== Эҷодиёт ==