Шашмақом: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
Сатри 10:
Бо Президенти Тоҷикистон, [[Эмомалӣ Раҳмон]] [[12 май]]и [[соли 2000]] ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи радио ва телевизиони тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дода шуда, ин рӯз ҳамасола дар саросари кишвар чун «Рӯзи Шашмақом» таҷлил мегардад. Иштирок дар симпозиуми байналхалқӣ дар шаҳри [[Самарқанд]] ба ансамбл шӯҳрати беандоза овард. Соли 2003 дар фестивал-симпозиуми байналхалқии "Шашмақом дар намоиши мамлакатҳои шарқ" дар шаҳри [[Исфара]] бомуваффақият баромад намуданд. Ҳамзамон дар партави ин фармон, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакенту Истаравшан, Конибодому Ҳисор, Исфараву Қӯрғонтеппа, ноҳияҳои Ашту Айнӣ ва ғайра дастаҳои доимамалкунандаи мақомсароён ташкил дода шуданд. Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (2000), Ансамбли давлатии мақомхонони «Нури Хуҷанд» (2000), Академияи мақом (2003) ва мактаби мусиқии бачагонаи «Шашмақом» дар шаҳри Душанбе (2003) дар таълиму тадриси «Шашмақом» дар кишвар шароити мусоиде фароҳам омад. Истеъдодҳои ҷавону умедбахш рӯйи саҳнаи ҳунар омаданд. Ҳамарӯза тавассути шабакаҳои гуногуни радио ва телевизиони Тоҷикистон консерту баромади мақомсароён тарғиб карда мешавад. Соли 2003 бо пешниҳоди ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон «Шашмақом» ҳамчун шоҳкории мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.<ref>Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 68-70. – 280 с. </ref>
== Шашмақом дар нашрияҳои Тоҷикистон ==
;# ''' Донишномаи Шашмақом'''./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009.''' - бори аввал дар таърихи тамаддуни мусиқии тоҷик таҳия ва тадвин шудааст. Ин “Донишнома” роҷеъ ба таърих, назария, манобеи хаттии мусиқӣ, чеҳраҳои номвари созу дирӯзу, мусиқидонон, мусаннифон, сарояндагон, навозандагон, нобиғагони мактаб, равияҳои эҷодию иҷроӣ (аз [[Борбади Марвазӣ]]), ки дар ташаккул ва рушди ҳунари волои мусиқиамон мақомҳо ([[Шашмақом]]) нақши муассиру мондагор гузоштаанд, матолиби муҳимро дарбар дорад.
Дар донишнома дар бораи оҳангсозону мақомхонон ба монанди:
* [[Бомшод]]
Сатри 27:
ва дигарон маълумот оварда шудааст.
 
;# [[Шашмаком. В 5-ти томах (Китоб)|Шашмаком. В 5-ти томах. – М.: Госмузиздат, 1950 -1967.]]
Нашри шашҷилдаи мақомҳои классикии тоҷикӣ тибқи Лоиҳаи якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ЮНЕСКО сурат мегирад, ки он дар асоси сабти нотавии устодони бузурги [[Шашмақом]] - [[Шоҳназар Соҳибов]], [[Фазлиддин Шаҳобов]] ва [[Бобоқул Файзуллоев]] солҳои 1950 - 1967 таҳия карда шудааст. Китоб аз чунин Қисматҳо иборат аст:
* [http://kmt.tj/?book_id=164 Қисми 1 Мақоми якӯм «Бузрук»]
Сатри 35:
* [http://kmt.tj/?book_id=168 Қисми 5 Мақоми панҷӯм «Сегоҳ» ва «Ироқ»]
Мусиқишиноси тоҷик [[Аслиддин Низомов]] мусиқишиноси тоҷик роҷеъ ба Шашмақом якчанд таълифоте [[Таърих ва назарияи Шашмақом (Китоб)|Таърих ва назарияи Шашмақом – Душанбе, 2006]] ва [[Таърихи мусиқии тоҷик (Китоб)| Таърихи мусиқии тоҷик.–Душанбе, 2014.]] ба таб расонидааст. Инчунин китобҳои [[Донишномаи Шашмақом|Аскарали Раҷабзода]], [[Шашмақом ва масоили инкишофи он (Китоб)|А. Абдрашидов]], [[«Шашмақом» дар қарни XX:анъана ва навоварӣ (Китоб)|Н.Ҳакимов]], [[Баёзи Шашмақом (Китоб)|М. Акбарзод]] ва дигарон солҳои охир таълиф шудаанд.
 
== Шашмақом дар Амрико ==