Вазн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
гурӯҳбандӣ
илова
Сатри 4:
 
Вазнро бо тарозуҳои фанарӣ (пружинӣ) чен мекунанд. Вазн ва [[масса]] бузургиҳои физикии гуногунанд; Вазнро бо воҳидҳои қувва (Н, кгқ, тқ), массаро бо воҳидҳои масса (кг, г, т) чен мекунанд. Ба ҷисмҳое, ки ба моеъ ё газ ғӯтонда шудаанд, ғайр аз қувваи вазнинӣ қувваи Архимед ҳам таъсир мекунад (нигар Қонуни Архимед), бинобар ин тарозуҳои фанарӣ В.-и ҷисмро дар ҳаво нисбат бо вакуум камтар нишон медиҳанд. Ҷисме, ки дар лифт сокин аст, ҳангоми бо лифт бо шитоби w амудӣ ҳаракат кардан ба фарши ӯ бо қувваи F = m (w±g) таъсир мекунад (аломати ҷамъ ҳангоми ба боло ва аломати тарҳ ҳангоми ба поён ҳаракат кардан), ки ин мувофиқан ба зиёдшавӣ ё камшавии В. муодил аст. Ҳангоми афтиши озоди лифт (w = g) бевазнӣ ба вуҷуд меояд; чунин ҳолат ба ҳар як ҷисм, ки дар майдони ҷозиба озод ва пешраванда ҳаракат мекунад, хос аст (ракета, радиф ва ғ.).
== Нигаред ==
* [[Вазни одам]]
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Вазн (физика)|3|муаллиф= }}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Вазн"