Подшоҳии Бохтари қадим: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
мусавварсозӣ
Сатри 1:
[[Акс:Kushano-Hephthalites 600ad.jpg|thumb|Kushano-Hephthalites 600ad]]
'''Подшоҳии Бохтари қадим''' — номгузории Бохтари қадим дар [[Авесто]] ҳамчун кишвари «бо парчамҳои барафрӯхта», яке аз кишварҳои [[Ориёи]] ёд шудааст. Мувофиқи ахбори «Таърихи Табарӣ» ва «Форснома» пойтахти [[Давлати Каёниён]] [[Бохтар (Балх)]] буд. Дар бораи мавҷудияти давлат дар Бохтар дар асри IX – VIII пеш аз мелод ахбори таърихнависони [[Юнони Қадим]] гувоҳӣ медиҳанд. Аз рӯи ин ахбор шоҳи Ассирия Нина барои ба Бохтар ҳуҷум кардан лашкари азимро гирд меоварад, чунки ӯ медонист, ки ин кишвар дорои шаҳрҳои зиёд, қалъаҳои мустаҳкам ва халќи сершумору мубориз мебошад. Шоҳи Бохтар Оксиарт низ лашкар ҷамъ карда, ба мудофиа омодагӣ мебинад. Нина қалъаҳои ҷудогонаро ишғол карда, ба ш. Бохтар мерасад, вале онро гирифта наметавонад. Танҳо баъди омадани ҳамсари ӯ Семирамида бо дастаҳои иловагии ҷанговарон ба ассириягиҳо пас аз кӯшишҳои зиёд муяссар шуд, ки шаҳрро ишғол намоянд. Хазинаи пур аз симу зари Оксиарт ба дасти Нина афтид.
Line 8 ⟶ 9:
 
== Ҷуғрофия ==
ИНИн сарзамин дар ҷануб бо ноҳияи [[Гандҳара]], дар шарқ — бо [[Бадахшон]], дар ғарб — бо Марғиён (Маргиана) ва дар шимол — бо кӯҳсори Сакоинишин ҳамсоя буд.
Бохтари қадим кишвари байни кӯҳӣ буда, иқлими мӯътадил ва оби фаровон, инчунин замини серҳосил дошта буд. Он дар пастхамии тектоникӣ вокеъ гашта, сатҳаш асосан бо регу гили обхӯрда (яъне лёсс) пӯшида шудааст. Ҳамвории доманаи шимоли Ҳиндукуш қариб 400 км тӯл мекашад, ва бараш то 140 км аст. Баландии ин ҳамворӣ 500 м дар ҷануб ва 250 м дар шимол-ғарб аст.<ref>Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. — С. 169.</ref>