Балх: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
х Бот: автоматизированная замена текста (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 81:
Дар солҳои аввали ҳукмронии Амир Темур (1369—1404) дар Мовароуннаҳр Балх дар тасарруфи бародари зани Амир Темур — Амир Ҳусайн буд. Ин волӣ қасд дошт, ки Балхро обод кунаду қалъаи онро маркази ҳукумати худ қарор диҳад ва барои ҷомаи амал пӯшондани чунин хостаҳояш кӯшида, то андозае муваффақ ҳам шуд. Вале, пас аз ихтилофе, ки миёни Амир Ҳусайну Темур рух дод, даргирии сахте байни онҳо ба вуҷуд омад ва бо кушта шудани Амир Ҳусайну тороҷ шудани Балх анҷомид. Минбаъд Балх башхе аз қаламрави Темуриён ба шумор мерафт. Муддате шаҳр дар дасти Султон Ҳусайн Бойқаро ва фарзандаш Бадеъуззамон Мирзо қарор дошт. Муҳаммадхони Шайбонӣ Балхро бо ду ҳамла ба даст овард.
 
Таърихи баъдинаи Балх пур аз моҷаро мебошад. Аввал шоҳ Исмоили 1 Муҳаммадхонро шикаст дода, Балхро ба тасарруфи худ даровард. Баъд онро Абдуллоҳхони ӯзбакӯзбек забт кард. Сипас, Аштархониён муддате дар Балх ҳукмронӣ намуданд. Мегӯянд, ки маъруфтарин фармонравои аштархонӣ 31 сол дар Балх фармонравоӣ дошта, соли 1702 вафот кардааст. Мутаассифона, дар бораи авзои замони ӯ маъ­лумоти кофие боқӣ намондааст. Овардаанд, ки ду бор ин шаҳр бо номҳои «Айёрон» ва «Осиёи бодӣ» барпо будааст, ки охириро мардум хароб сохта, аз 40 масҷиди шаҳр низ дар ҳамин фосилаи замонӣ 12 масҷид вайрон карда шудаанд. Сипас Балхро Нодиршоҳи Афшор забт намуда ва дар асри 19 ба тасарруфи хонҳои Бухоро даромад. Дар ин давра Балх дигарбора ба сифати модаршаҳри ислом (Уммулбилод) маъруф шуд.
 
== Балхи кунунӣ ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Балх"