Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
илова
Сатри 36:
Биноҳои маъмурӣ бошанд аз якчанд толорҳои барҳавову даҳлезҳои баробарсамт иборат буда, бештари онҳо дар болои таҳкурсиҳои аз хишти хом сохташуда, дорои ду-се дари даромад ва якчанд тирезаҳои барҳавоянд. Маълум аст, ки меъморони бостонӣ сохти биноро пешакӣ матраҳ мекардаанд. Ҳокимони маҳалӣ аз ҳамин ҷо халқро идора мекарданд ва ҳатто қарору қоида ҳам ҳабул мешуддааст, ки бо ин мӯҳр тақвият меёфтанд. Ҳокими мутлақ доштани Саразми бостонӣ аз эҳтимол дур нест.
 
Саразмиёни бостон дар баробари барзгару ҳунарманд, тоҷиру меъмори замони хеш будан, дар рушди маданияти маънавӣ низ саҳм мегузоранд. Ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз милод дар биноҳои маъмулии саразмиён бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои дини Зардуштӣ мегардад. Алъон якчанд маъбад дар Саразм бармало шудааст, ки аз эътиқоду эътимоди мардум дарак медиҳад. Дар маркази фарши толори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа сохта шуда, дар байни он ум ки начандон ҷуқуре барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст. Аз боқимондаи устухонҳо дар дохили баъзе иморатҳо маълум мешавад, ки қурбон кардани мол аз ҳамон вақт ба ҳукми одат даромадааст.
Дар рӯзгори пешина гови муқаддаси турро қурбон мекардаанд. Воқеан мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5 соларо меписандидаанд, чаро ки бештари устухонҳои боқимонда шаҳодат медиҳанд.
 
Воқеан мардуми Саразм истеъмоли чорвои 1-1,5 соларо меписандидаанд, чаро ки бештари устухонҳои боқимонда шаҳодат медиҳанд.
Кишоварзӣ ба сони дигар соҳаҳо дар Саразм то замони заволи он рушд кардааст. Сойи аз болои шаҳр ҷоришуда ба ин мусоидат мекард. Саразмиҳо рустанихоеро парвариш мекарданд, ки дар байни инхо ҷав ва гандум мавқеъи вижаро ишғол менамуданд. Намудҳои олоти деҳқонии Саразм бой нест. Каланди чӯбин, досҳои ҳархела ва шудгори ҷуфтӣ аз эҳтимол дур нест.
 
Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар музейи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лабаратория ба вайроншавӣ даромадаанд.<ref>{{cite [web|url=http://www.safina.tj/sarazm_va_panjakent.html |title=Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина]|author= |date=|publisher=www.safina.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
== 5500-солагии Саразм ==
 
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 (таҳти № 391) Саразм ҳамчун Маркази ташаккули фарҳанги кишоварзӣ ва эҷодиёти тоҷик мамнӯъгоҳи таърихӣ ва бостоншиносии Саразм эълон карда шуд. Бо кӯшиши бостоншиносон - А. Исҳоқов, А. Раззоқов, Р. Масов, Р. Безенвал, А.- П. Франкфорт ва диг., дар давоми солҳои 2000-ум барои пешниҳоди номинтсияи пешбарӣ кардани ёдгории Саразм ба рӯйхати объектҳои аҳамияти фарҳанги ҷаҳонӣ дошта, дар созмони ЮНЕСКО саҳм гузоштанд [10]. Дар натиҷа, [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ҳамчун "маркази ташаккули фарҳанги қадимаи кишоварзии мардуми тоҷик" ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии [[ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref>{{cite web|url=http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/156/|title=Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО|author= |date=|publisher=www.unesco.tj|accessdate=2020-01-26}}</ref>.
 
 
== Сарчашма ==
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"