Ниобий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
х Bot: Add chemistry element box
Сатри 1:
{{Варақаи ниобий}}
Ниобий металли камёб, сафеди хокистарранг, душворгудоз , устувор, вазнин (8,57 г/см<sup>3</sup>) буда, дар ҳарорати 2468°С гудохта шуда, дар ҳарорати 4742°С меҷӯшад. Металл номашро аз номи духтари асотирии тантала, ҳамсари шоҳи шаҳри қадимаи фивани Беотияи Юнон Амфион Ниоба гирифтааст.
Ниобий дар мамолики тараққикарда ба шакли ферониобий, барои истеҳсоли хўлаҳои аз ҳад устувори молидании қубураҳои калонандозаи газу нафтгузаронанда, сохтмон, киштиҳо, автомобил, роҳҳои оҳан ва конструксияҳои махсус – қисмҳои мушакҳо ва двигателҳои реактивҳо истифода мешавад. Хўлаҳои ба гармии зиёд тобовари он барои пўшонидани элементҳои гармиҷудокунанда (ТВЭЛ) ва реакторҳои ядроӣ маснуоти асосӣ буда, 85-90%-ро ташкил медиҳанд. Қисми дигари ниобий ба шакли пентоксид барои суперхўлаҳо, маводи ноқили баръало, аппаратураҳои кимиёвӣ, оптикӣ ва ашёи электронӣ 10-15%-ро дар бар мегирад. Илова намудани хўлаи ниобий пўлодро доро, устувор, часпакии онро зиёд мекунад.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ниобий"