Ванадий: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х Bot: Add chemistry element box
 
Сатри 1:
{{Варақаи ванадий}}
'''Ванадий''' (лот. Vanadium), V, — элементи химиявии гурӯҳи V ҷадвали Менделеев; рақами ат. 23, массаи ат. 50, 942. Ванадийро с. 1801 олими мексикоӣ А.М. дел Рио дар таркиби маъдани сурб кашф намудааст. Химики шведӣ Н.Г. Сефстрём с. 1830 онро дар маъдани оҳан кашф намуд.Ванадий ба хотири номи олиҳаи зебои Скандиновия - Ванадис номгузорӣ намудааст. Метали хокистарранги пўлодин, сахт, ба туршаҳо ва об устувор буда, 6,11 г/см<sup>3</sup> зичӣ ва 1920<sup>0</sup>С ҳарорати гудозиш дорад. Дар металлургияи сиёҳ бо оҳан чун хўла истифода дорад. Иловаи ванадий бо оҳан хўлаҳоеро ҳосил мекунад, ки пўлоди зангназананда, бурранда, ба гармӣ - тобовар, қубурҳои нафту газгузаронанда, пармакунанда ва кафшериро месозанд. Хўлаҳои аз ҳад устувору хўрданашавандаи он дар релсҳои роҳи оҳан, чарху рессорҳои қатораҳо истифода мешаванд.
Ванадий аз конҳои титаномагнетит, фосфорит, регсангҳои урани дорои аҳамияти саноатӣ дошта истихроҷ мешаванд. Як қисми дигари ванадий якҷоя бо бокситҳо, ҷинсҳои карбонатӣ, сланесҳои сўзанда, нафт, регҳои битумдор бо роҳи иловагӣ гирифта мешавад.