Факултаи театр, кино ва телевизион (ДДФСТ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 47:
== шуъбаи магистратура ва доктор PhD ==
Дар факултаи режиссура, кино ва телевизион шуъбаи магистратура, доктор PhD ва маълумоти дуюм амал мекунад ва таълимгирандагони он аз ҳисоби хатмкунандагони шуъбаҳои журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ, режиссураи намоишҳои театронидашуда ва идҳо ва ҳамчунин аз ҳисоби хатмкардагони шуъбаҳои журналистикаи донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
 
== Сохтор ва дастпарварони шуъбаи маҳорати актёрӣ ==
Дар шуъбаи маҳорати актёрӣ , ки актёрони театри [[драма]] ва киноро тайёр мекунад, шароити хуби таълимӣ ва эҷодӣ фароҳам оварда шудааст: театри таълимии донишкада, ду синфхонаи маҳорати актёрӣ, синфхонаи нутқи саҳнавӣ ва синфхонаи тағйири чеҳра (гримёр). Ҳар сол хатмкунандагони ин шуъба на кам аз се асарҳои [[драматург]]они [[тоҷик]], [[рус]] ва [[аврупо]]ро ҳамчун кори [[диплом]]ӣ ба ҳайати комиссияи имтиҳони давлатӣ ва тамошобинон пешкаш мекунанд, ки сабти он аз шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода мешавад.
Хатмкунандагони шуъбаи мазкур имрӯзҳо дар театрҳои касбии [[вилоят]]ҳо, [[шаҳр]]у [[ноҳия]]ҳо: [[Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ]], [[Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов]], [[Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский]], [[Аҳорун (театр) | Театри давлатии таҷрибавии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов]], [[Театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи С. Вализодаи ш. Кўлоб]], [[Театри давлатии мазҳакаи-мусиқии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов]], [[Театри давлатии мазҳакаи-мусиқии шаҳри Хорӯғ ба номи М. Назаров]], [[Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара]], [[Театри давлатии «Лухтак»]], [[Театри мусиқӣ мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ]]и шаҳри [[Хуҷанд]], [[Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов]]и ноҳияи Ашт,[[Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Конибодом ба номи Тӯҳфа Фозилова]],[[Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С. Пушкин]]и шаҳри [[Гулистон]]и [[вилояти Суғд]], [[Театри ҷумҳуриявии «Лухтак»]]-и шаҳри [[Гулистон]]и [[вилояти Суғд]], [[Театри драмаи мусиқии ӯзбекии ноҳияи Спитамен ба номи Ш.Бурҳонов]], [[киностудия]]ҳо, телевизион, Вазорати [[фарҳанг]] ва дар дигар муассисаҳои фарҳангӣ фаъолият мекунанд.
Муҳлати таҳсил дар шуъбаи актёрӣ чор солро фаро гирифтааст.
Барои дохил шудан ба шуъбаи акёри драма ва кино пеш аз ҳама [[довталаб]] бояд дорои қаду қомати баланд, ҳусни расо ва қобилияти хуби [[наттоқ]]ӣ ва суханварӣ , инчунин аз осори адибони [[классик]]у муосир ва [[ҷаҳон]] воқиф ва аз [[таърих]]и [[забон]]и худ огаҳ бошад.
Довталаби шуъбаи актёри драма ва кино пеш аз супоридани имтиҳонҳои тестӣ имтиҳони эҷодиро дар худи донишкада месупорад.
Имтиҳони тахасусӣ дар атрофи талаботи зерин доир мегардад:
* Иҷро намудани [[этюд]] дар мавзӯъи аз ҷониби устодон пешниҳод шуда, нақл кардани [[зарбулмасал]], [[мақол]], [[тезгӯяк]]
* Қироати порчаи [[наср]]ӣ, [[шеър]] ва нақл намудани [[латифа]] ва тақлидкорӣ.
* Қироати шеър аз шоирони классикӣ ва муосир
* Қироати порчаи насрӣ аз [[асар]]ҳои бадеӣ
* [[Масалҳо]]
* Хондани [[суруд]]
* Иҷро намудани [[рақс]]
* Иҷро намудани этюде, ки довталаб омода кардааст
* Санҷиши қувваи ҳофиза ва ритм
* Мушоҳидакорӣ, шунидан, дидан ва баҳо додан.
* Навохтан дар сози [[мусиқӣ]] (барои онҳое, ки навохта метавонанд)
* Қобилияти [[расмкашӣ]]
 
== Сохтор ва устодони шуъбаи рӯзноманигори телевизион ==