Создаҳанӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Гармоникаи лабӣ
 
илова
Сатри 1:
'''Гармоникаи лабӣ''' («Губная гармоника») — сози нафасии мусиқиест иборат аз қуттичаи начандон паҳни дароз бо сӯрохиҳои зиёди қубураки чоккардашуда, ки дар 1 ё 2 қатор ҷойгиранд.
 
Дар қубуракҳои чоккардашуда забонакҳои филизӣ (аз 6 то 128) сахт карда шудаанд. [[Навозанда]] созро бо лабонаш дошта, онро ба тарафи росту чап медавонад ва бо нафас гирифтан ё баровардан, овозҳои ҳархеларо ҳосил мекунад. Сифати (тембри) соз садои гармоникаро ба ёд меорад.
Гармоникаи лабиро соли 1821 устои олмонӣ Ф. Бушман ихтироъ кардааст, ки то ҳол дар [[Русия]] ва хориҷ аз он маъмул аст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.94. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2{{ref-tg}} </ref>
<gallery>
Harmonijka ustna 10301A Blues Session Steel A firmy Seydel.jpg|Гармоникаи лабӣ
Harmonetta Peri.JPG|Гармонетта
Suzuki melodion.jpg|Мелодика
Accordina-carrel.jpg|Аккордина
</gallery
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}