Ҷумҳурият (рӯзнома): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Матлубахон moved page Ҷумҳурият (рӯзнома) to Рӯзномаи «Ҷумҳурият» over redirect: ивази номгузорӣ
→‎Таърих: илова
Сатри 35:
== Таърих ==
Нахустшумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и кунунӣ [[15 март]]и [[соли 1925]] бо номи хушсадову умедбахши ''«[[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|Иди тоҷик]]»'' ([[«Иди тоҷик» (рӯзнома)|бештар…]]) дар [[Душанбе]] ба табъ расида, воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати мутамаддини тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Зеро замонаи бераҳм рӯшанфикронамонро нишони тир мекард, китобҳои ниёконамонро дар оташи ҷаҳолат месӯхт ва доираи амали забони тоҷикиро маҳдуд месохт.
Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дуввум, ки ба худ номи ''«Бедории тоҷик»''-ро ([[Рӯзномаи «Бедории тоҷик» |бештар…]]) гирифт, мушаххасу равшантар гаштанд. Тоҷик воқеан ҳам беш аз ҳама ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт. Ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бо дарки масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт. Минбаъд рӯзнома бо номҳои «Тоҷикистони советӣ» ва «Тоҷикистони шӯравӣ»(01.01.91) фаъолияти хешро давом дода ҳафтае 6 шумора ба табъ мерасид ва теъдоди нашри он аз ҳамаи нашрияҳои даврии замони шӯравӣ дар [[ҶШС Тоҷикистон]] зиёдтар будааст.
Вобаста ба шароити давру сиёсати замон рӯзнома чанд бор тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. Аз оғоз то ба имрӯз ҳамеша дар дифои манофеъи давлату миллати тоҷик қарор дорад.
«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Ҳама китобҳои таърихӣ пеши таърихе, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд. Агар аз он китобҳо чанд санади муҳимро пайдо намоем, аз рӯзнома ҳама чиро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои он на танҳо муаррих, балки сардори давлат, арбоби сиёсиву ходими ҷамъиятӣ, адибу омӯзгор, муҳандису пизишк, ҳунарпешаву варзишгар, коргари оддиву деҳқони хокпош ва, албатта, беш аз ҳама рӯзноманигор баромад карда, муҳимтарин ва қимматтарин маълумотро ба хонанда пешкаш менамоянд.
Сатри 47:
Дар солҳои гуногун чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон, ба монанди [[Абулқосим Лоҳутӣ]], [[Аминҷон Шукӯҳӣ]], Ашӯр Ҳалимов, [[Шодӣ Саидов]], [[Ғоиб Қаландаров]], [[Ибод Файзулло]], [[Нур Табаров]], [[Мазҳабшо Муҳаббатшоев]] ва [[Шоҳмузаффар Ёдгорӣ]] сармуҳаррирони рӯзнома буданд. Аксари [[журналист]]они номдори кишварамон дар «Ҷумҳурият» кор кардаанд. Бисёр адибон, аз қабили [[Фазлиддин Муҳаммадиев]], [[Фотеҳ Ниёзӣ]], [[Мутеъулло Наҷмиддинов]], [[Абдулҳамид Самадов]] ва диг. дар ҳамин даргоҳ ба қаламу сухан меҳр баставу дил бохта, пешаи сухангӯиро ихтиёр намудаанд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар муборизаҳо барои манофеи миллӣ пешгому парчамбардор буд. Маҳз бо часпу талошҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Саҳми рӯзнома дар боло бурдани дараҷаи худшиносии миллӣ ҳам шоистаи таҳсин аст.<ref>[http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=95 Дар бораи нашрия]</ref> <ref>[http://www.jumhuriyat.tj Сомонаи «Ҷумҳурият»]</ref>
 
== Ҳамчунин нигаред ==
Аз рӯи раддабандӣ аз ҳама нашрияи серхонандатарин нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (34%) мебошад. Сипас, бо фосилаи камтар нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон «Омӯзгор» (23,8%) ва нашрияи марказии ҲХДТ рӯзномаи «Минбари халқ» (22,2%) ҷойгир шудаанд.