Равшани Ёрмуҳаммад: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
илова
ислоҳ
Сатри 10:
|зодгоҳ = {{Зодгоҳ|ноҳияи Рашт}}
|санаи марг = 4.03.2018
|маҳалли марг = {{МаҳаллиМарг|шаҳри Душанбе}} [[Тоҷикистон]]
|шаҳрвандӣ = {{Парчам|Тоҷикистон}}
|навъи фаъолият = {{нависанда|Тоҷикистон|асри XX|асри XXI}}, рӯзноманигор, {{тарҷумон|Тоҷикистон|асри XX|асри XXI|наср ба забони тоҷикӣ}} ва драматурги тоҷик.
Сатри 29:
Равшани Ёрмуҳаммад [[27 январ]]и [[соли 1942]] дар деҳаи Ғармови деҳшӯрои Ғашёни ноҳияи Обигарм таваллуд ёфтааст. Моҳи майи соли 1947 хонадонашон ба ноҳияи Ворошиловобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) кӯчида, дар ҳамин ҷой мактаби миёнаи ба номи Максим Горкийро (1959) хатм кардааст. Солҳои 1959-1964 таҳсилро дар факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома додааст.
Солҳои 1975-1977, 1982-1986 дар Афғонистон сафари хидматӣ дошта, тарҷумонии котиби дувуми Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистонро баҷой овардааст. Баъдан дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ, рӯзномаҳои [[Рӯзномаи «Ҷумҳурият» |«Тоҷикистони Советӣ»]] ва «Ҳақиқати Колхозобод», Комитети давлатии нашриёт, полиграфия ва савдои китоб, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кор кардааст.
Соли 1991 сармуҳаррири [[маҷаллаи «Тоҷикистон»]] таъин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Дар айни замон мушовири бахши робитаҳои байналхалқии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳамзамон, сармуҳаррири нашрияи «Афсона» мебошад. То кунун ӯ тавонистааст чиҳил асари худро, ки аз ҳикоя, қисса, достон ва роман иборат аст, мунташир кунад. Аз ҷумлаи романҳои ӯ бо номҳои «Ишқи Рӯдакӣ», «Бармакиён» ва «Хоҷа Низомулмулк» дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Соли 1993 барои қиссаи «Гӯрков» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мешавад. Чанд соле ҳам муовинати раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро бар дӯш дошта, ҳоли мудири нашриёти хусусии «Афсона» ва сардабири нашрияи соҳавии «Роҳнамои зиндагӣ» мебошад<ref>[http://www.ozodi.org/content/article/24579163.html Аз ҷанҷолҳои кӯчагӣ то латукӯби нависанда Озодӣ 13 май 2012<ref>http://www.ozodi.org/content/article/24579163.html ]</ref>.Нависанда Равшани Ёрмуҳаммад [[4 март]]и [[cоли 2018]] дар синни 76-солагӣ дар [[Душанбе]] аз олам даргузашт. Ӯро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки кӯдакаишаро дар ин ҷо гузаронидааст, ба хок супурданд.<ref>{{Cite web|url=https://faraj.tj/habari-ruz/darguzashti-navisanda-ravshani-jormu-ammad/|title= Даргузашти нависанда Равшани Ёрмуҳаммад|author=|website=www.faraj.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-06-13}} </ref>
 
==Эҷодиёт==