Илм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 35:
Ф. Энгелс дар бораи осори ИЛМ-ии асрҳои миёна сухан ронда, дар қатори он комёбиҳое, ки барои Ренесанси аврупоӣ замина шудаанд, низоми даҳии ҳисоб, ибтидои илми риёзӣ, тарҳҳои ҳозираи рақамҳо ва чанде дигар кашфиётҳои мардуми Шарқро номбар кардааст. Ин эътирофи Энгелс ва чанде дигар собит месозад, ки донишмандони форс-тоҷик ва машриқзамин фақат нусхабардор набудаанд, балки услубҳои юнонӣ ва шарқиро аз худ намуда, кашфиётҳои нав кардаанд ва комёбиҳои бузурге дар соҳаҳои риёзиёт, нуҷум, физика, кимиё ва тиб ва ғ. доштаанд.
 
== Инкишофи илм дар Тоҷикистони Шӯравӣ =
Илм дар Тоҷикистони Шӯравӣ ҳамчун як қисми ИЛМ-и Шӯравӣ босуръат инкишоф ёфт. Дар оғоз дар Тоҷикистон Шӯравӣ асосҳои низоми сотсиалистии маорифи халқ гузошта шуд (1921-24). Ба тараққиёти фанҳои гуманитарӣ дар ҷумҳурӣ асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ ибтидо гузошт. Солҳои 1932-41 дар Тоҷикистон Академияи фанҳои ИҶШС ташкил шуд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии тадқиқот афзуда, зиёда аз бист муассисаи тадқиқоти илмии соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, геология ва тиб барпо карда шуд. То соли 1941 дар Тоҷикистон диққати асосӣ бештар ба вусъат додани тадқиқот оид ба фанҳои биология, геология, хоҷагии қишлоқ ва тиб, яъне ба он соҳаҳои дониш дода мешуд, ки ба тараққии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва ҳалли масъалаҳои нигаҳдории тандурустии халқ вобаста буданд. Дар ҷумҳурӣ талабот ба илмҳои гуманитарӣ, пеш аз ҳама ба забон ва адабиёти тоҷик меафзуд: адабиётшиносӣ инкишоф меёфт, таъсиси донишкадаҳои олӣ — донишгоҳҳои омӯзгорӣ (1933) дар Душанбе ва Ленинобод (1939), донишгоҳҳои хоҷагии қишлоқ (1931) ва тиббӣ (1939) дар Душанбе тайёр намудани кадрҳои илмиро осон кард. Дар назди Академияи фанҳо (соли 1941) се донишгоҳи табиатшиносии илмӣ (геология, ботаника, зоология ва паразитиология) ва як институти гуманитарӣ (таърих, забон ва адабиёт) барпо шуд. Ташкил шудани филиал ва институтҳои тадқиқоти ИЛМ-ӣ барои инкишофи ИЛМ дар Тоҷикистон пешомадҳои нав ба вуҷуд оварда буд, аммо Ҷанги Бузурги Ватанӣ суръати ин равандро як қадар суст кард. Соли 1944 дар назди филиали Академияи фанҳо аспирантура кушода шуд ва бо ҳамин мунтазам тайёр кардани кадрҳои илмӣ оғоз ёфт. Баъд аз ҷанг филиали Академияи фанҳои ИҶШС инкишоф ёфта, дар назди он институти кимиё, шуъбаҳои география, энергетика ташкил шуданд. Муассисаҳои илмӣ бо суръати тез ба тайёр намудани кадрҳо сар карданд. Соли 1948 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кушода шуд. Ҳамаи ин барои торафт баланд бардоштани дараҷаи кори тадқиқоти илмӣ дар Тоҷикистон замина ба вуҷуд овард. 14 апрели соли 1951 Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон таъсис ёфт, ки нахустин президенти он Садриддин Айнӣ буд. Дар назди Академия муассисаҳои нави илмӣ — институти сейсмология, институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия (1958), институти хокшиносӣ ба вуҷуд омаданд. Муассисаҳои соҳаи гуманитарӣ низ васеъ шуданд: институти таърих, институти забон ва адабиёт, шӯъбаҳои фалсафа ва иқтисодиёт ташкил карда шуданд.
То солҳои 1990 Академияи фанҳои Тоҷикистон дорои 19 муассисаи тадқиқоти илмӣ буд: Ин-тҳои математика бо маркази ҳисоббарорӣ, физикаю техника, астрофизика, сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология, химия, геология, ботаника, зоология ва паразитология, биофизика ва физиологияи растаниҳо, Ин-ти биологии Помир, гастроэнтрология, таърих, иқтисодиёт забон ва адабиёт, шарқшиносӣ, шӯъбаҳои фалсафа, генгетикаи умумии пахта, муҳофизати табиат. Ғайр аз ин дар ҷумҳурӣ даҳҳо муассисаҳои илмию тадқиқотии соҳавӣ мавҷуд аст. Ин-тҳои зироат, хокшиносӣ, чорводорӣ, боғдориву ангурпарварӣ ва сабзавоткорӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Кафедраҳои сершумори Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ва дигар мактабҳои олӣ низ бо корҳои тадқиқотӣ машғуланд. Олимони ҷумҳурӣ пеш аз ҳама роҳҳои тараққиёти минбаъдаи иҷтисодиёт ва маданияти кишварро ҷустуҷӯъ мекунанд ва дар ҳалли масъалаҳои муҳимми ИЛМ-и муосир иштирок доранд. Олимони кишвар дар ҳамкорӣ бо олимони дигар кишварҳо дар форумҳои ИЛМ-ии байналмилалӣ иштирок карда, тадқиқот мегузаронанд; конференсияю симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешаванд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Илм"