Гуноҳ (ҳуқуқ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
'''Гуноҳ''' – муносибати рӯҳии шахс нисбат ба кирдори ба ҷамъият хавфнок ва оқибати он буда, дар шакли беэҳтиётй ифода меёбад.
 
 
Гуноҳ,
== Гуноҳ, дар ҳуқуқи ҷиноятӣ ==
Гуноҳ, муносибати манфии равонии шахс ба арзишҳои асосии иҷтимоӣ, ки барқасдона ё аз беэҳтиётӣ содир карда шуда, гунаҳкор оқибатҳои зарарноки онро барои ҷамъияту шахсони дигар дарк карда метавонад. Шахс танҳо барои кирдори барои ҷамъият хавфнок ва оқибати ҷамъиятии ба вуқуъ пайвастани он, ки гуноҳи ӯ нисбати чунин рафтор тасдиқ шудааст, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Гуноҳ аломати ҳатмии тарафи субъективии ҷиноят буда, бе он таркиби ҷиноят ҷой надорад, яъне гуноҳ заминаи зарурии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо мебошад. Дарк намудани хавфнокии кирдори худ онро ифода мекунад, ки шахс ба хусусиятҳои ҳам воқеӣ ва ҳам иҷтимоии кирдори худ сарфаҳм меравад. Мас., ҳангоми дуздӣ шахс дарк менамояд, ки ба таври пинҳонӣ амволи шахси дигарро тасарруф мекунад ва бо ин кирдори худ ҳуқуқи моликияти ҷабрдидаро поймол месозад.
Мавқеи асосиро дар байни омилҳое, ки боиси сар задани гуноҳ шудаанд, омили равонӣ ишғол менамояд. Муҳтавои гуноҳ аз муносибати байни шуур ва ирода вобаста буда, таносуби гуногуни онҳо боиси сар задани шаклҳои гуногуни гуноҳ мегардад. Дар баробари дараҷа ва аломатҳои гуноҳ инчунин ҳолатҳои содир шудани он низ ба эътибор гирифта, бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи гуноҳ дараҷаи ҷавобгарӣ барои он муқаррар карда мешавад. Муайян намудани дараҷаи гуноҳ ба ҳалли объективии масъалаи ҷавобгарӣ ва ҷазодиҳии гунаҳкор мусоидат менамояд. Дараҷаи гуноҳ андозаи муносибати манфии шахсро нисбат ба арзишҳои иҷтимоӣ (манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат), ки ҳангоми содир кардани ҷиноят зоҳир шудааст, нишон медиҳад. Ба дараҷаҳои гуноҳ вазъияту ҳолати объективию субъективӣ: шакли гуноҳва навъи ният ғараз ё беэҳтиётӣ, сабабу мақсади ҷиноят, ҳолатҳое, ки шахсияти гунаҳкорро тавсиф мекунад, шароити ташаккули мақсад ё ғараз таъсир мерасонад. Дар қонунгузории ҷиноятӣ мафҳуми “дараҷаи гуноҳ.” истифода намешавад, вале он дар таҷрибаи судӣ ба таври васеъ корбурд мегардад.
Гуноҳ дар ҳуқуқи гражданӣ ҳуқуқвайронкунии гражданӣ буда, боиси ба ҷавобгарии гражданӣ-ҳуқуқӣ кашидани шахс мегардад.