Готҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
No edit summary
Сатри 1:
'''Готҳо''' (авестоӣ gāθåм – суруд, гимн) — яке аз муҳимтарин ва қадимтарин қисматҳои [[Авесто]], ки таълифи онро ба худи Зардушт нисбат медиҳанд; суруд ва суханони манзуме, ки дар миёни навишторҳои мансур омада, пораҳои онҳоро ба ҳам мепайвастанд.
{{main|Авесто}}
 
Сабаби гусехтагии кунунӣ дар миёни бархе аз бахшҳои Готҳо аз миён рафтани навишторҳои мансур ва бар ҷо мондани пораҳои манзуми онҳо дониста мешавад. Готҳо аз 17 гот (сурудаҳои назмӣ)-и бахшида ба Аҳура Маздо иборатанд. Сурудаҳо дар шакли бобҳои алоҳида ба таркиби қисмати Яснои Авесто дохил карда, ҳангоми баргузории маросими ибодатӣ аз ҷониби мӯбадон суруда мешуданд. Ҳар як сурудаи Готҳо боби алоҳидаи Ясноро ташкил медиҳад.
Дар анъанаи зардуштӣ дар бораи танҳо панҷ гот сухан меравад. Готҳо ба вазни шеъри ҳиҷоӣ навишта шуда, аз ин сабаб, аз рӯи миқдори мисраи бандҳо, ҳиҷои мисраъҳо ва мазмуни онҳо ҷамъоварӣ гардидаанд: Аҳунаваити Гата («Готи Аҳуна Ваити» – 7 суруда, 100 банди семисраӣ бо андозаи 7+8/9 ҳиҷо), Уштаваити Гата («Готи беҳрӯзӣ» – 4 суруда, 66 банди панҷмисраӣ бо андозаи 4+7 ҳиҷо), Спента Маиню Гата («Готи Руҳи муқаддас» – 4 суруда, 41 банди чормисраӣ бо андозаи 4+7 ҳиҷо), Воҳухшатра Гата ( «Готи хабари хуш» – 1 суруда, 22 банди семисраӣ бо андозаи 7+7 ҳиҷо), Ваҳиштоишти Гата ( «Готи кӯшиши беҳтарин» – 1 суруда, 9 банди чормисраӣ бо андозаи a, ӣ – 7+5 ва c, d – 7+7+5 ҳиҷо).
Мундариҷаи Готҳо аз қисматҳои дигари Авесто, махсусан бобҳои дигари «Ясно» фарқи зиёд дорад – дар онҳо мазмуни иҷтимоӣ хеле возеҳ баён шудааст. Замони эҷоди Готҳо ба даврони аз ҳаёти кӯчманчигӣ ба тарзи ҳаёти муқимӣ, ба корҳои кишоварзӣ ва чорводорӣ гузаштани мардуми эронинажод рост меояд; дар гирду атрофи онҳо қабилаҳое низ буданд, ки ҳанӯз бо тарзи ибтидоӣ умр ба сар мебурданд. Дар ҷангҳои байниқабилавӣ ва ҳангоми баргузории ҷашнҳои пирӯзӣ қурбонӣ кардани чорвои ғанимат хунрезиҳои зиёд ба амал меомад. Эътироз ба чунин куштору ғоратгариҳо дар готи 29-и «Ясно» (Аҳунавайти Гата) ифода ёфтааст ва ин мавзуъ қариб дар тамоми Готҳо тақвият меёбад. Дар готи 30 дар бораи пайдоиши некӣ ва бадӣ сухан рафта, санавият (дуализм)-и ахлоқии дини зардуштия аз он сарчашма мегирад. Дар «Воҳухшатра Гата» дар бораи шоҳи одил сухан меравад. Дар готи 44-и «Уштаваити Гата», мунозираи Зардушт бо Аҳура Маздо ва саволу ҷавоби онҳо оварда шудааст.
 
Аксари Готҳо лаҳзаҳои ҳаёти Зардуштро тасвир мекунанд. Дар готи 46 Зардушт аз камии пайравон ва сарватҳои худ шикоят мекунад. Дар Готи 53 («Ваҳиштоишти Гата») саҳнаи духтари худ Поуручистаро ба шавҳар додани Зардушт ва ӯро насиҳат карданаш тасвир шудааст. Дар Готҳо аз Ҷамшед ва дигар шахсиятҳои асотирию таърихӣ ёд шудааст. Далели паёмбарии Зардушт ва нозил шудани ваҳй ба ӯро метавон аз бандҳои 2, 3, 5, 6-и готи 45 дарёфт. Зардушт дар Готҳо гуфтааст: «Ман мехоҳам сухан бидорам аз он чи Маздои муқаддастар аз ҳама ба ман гуфт (ва) он каломест, ки шунидани он барои мардумон беҳтарини чизҳост» (Я 5/45).
 
Готҳо бе шаклҳои муқаддимотӣ, вале ҳамроҳ бо Ясно Хаптангхаити, аз 278 банд (wacast), 1016 мисраъ (gāh) ва 5567 калима (wāzag) иборатанд.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
 
== Адабиёт ==
* Бертельс Е. Э. История персидско-таджикской литературы. М. , 1960;
* Маковельский А. О. Авеста. Баку, 1960;
* Никитина В. Б. Литература Древнего Востока. М. , 1971;
* Брагинский И. С. Из истории таджикской и персидской литературы. М. , 1972;
* Абаев В. И. Миф и история в Гатах Зороастра. Дар маҷм. : Историко-филологические исследования. М. 1974;
* Авесто (Куҳантарин сурудаҳо ва матнҳои эронӣ). Д. , 2001;
* Таърихи фалсафаи тоҷик. (Дар панҷ ҷилд). Ҷ. 1. Фалсафаи аҳди бостон. Д. , 2011;
* Гаты Заратустры. Пер. с авестийского, вступ. статья, коммент. и приложения И. М. Стеблин-Каменского. С-Пб, 2009;
* داود. پور یادداشت های گوت ها. تهران، 1336 ش.
 
== Сарчашма ==
* {{ЭМТ|Готҳо|4|муаллиф=В. Музаффарпур}}
{{ПБ}}
 
'''«Готҳо» («[[Гоҳон]]»)''' - номи куҳантарин бахши [[Авесто]]ст, ки «[[Гоҳон]]»-и панҷгона ё Панҷ суруди [[Зардушт]]и Спитамонро дар бар мегирад. Дар [[забони форсӣ]] ин номро «Готҳо» низ навиштаанд. Готҳо 17 суруди [[Зардушт]] ба «Худованди офариниш» [[Аҳура Маздо]] мебошад. Сурудҳо дар шаклибобҳои алоҳида (готҳо) дар қисмати «[[Ясно]]и» китоби «[[Авесто]]» ҷойгир шудаанд.
==Нигаред==
* [[Авесто]]
== Манбаъ ==
* Авесто - Душанбе,2001.
* [http://web.stanford.edu/group/wais/Webpage/zoroaster.htm Zoroaster]
* [[Ҳамдам Мӯъминҷонов]]. Тӯрон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. — Душанбе, 2004
[[Гурӯҳ:Китобҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Матнҳои зардуштӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Готҳо"