Қурбоналӣ Абдураҳимзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 36:
 
== Фаъолияти илмӣ ==
Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор перомуни пайдоиши иттилооти библиографӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ, фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ, таърихи китобу китобхонаҳо, библиографияи тоҷик дар давраи Сомониён ва ба баъд, ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи китобдорӣ ва тарбияи кадрҳо, таърихи сарчашмашиносии форсӣ-тоҷикии библиографӣ ва ғайра пажӯҳиш мебарад. Ӯ муаллифи беш аз 300 мақола, 15 маҷмӯаи соҳавӣ ва 10 асари илмӣ мебошад.
 
Вале таваҷҷӯҳи асосии тадқиқотии ӯро масоили библиографияи кишоварзии миллӣ ва таърихи библиографияи тоҷик маҳтуф доштааст. Солҳои охир бештар дар мавзӯи библиографияи давлатӣ ва таърихи библиографияи тоҷик таҳқиқотҳои назаррас анҷом додааст. Аз ҷумла асарҳои «Заминаҳои пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» таҳти назари академик [[Нуъмон Неъматов]], "Пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ", "Таърихи библиографияи кишоварзӣ", "Таърихи библиографияи тоҷик" ва ғайра ба қалами ӯ таалуқ доранд. Абдураҳимзода Қурбоналӣ Бозор диққати ҷиддӣ ба масоили пайдоиши аломатҳои тасвири библиографӣ дар осори ниёгон, истифодаи иқтибос ва истинодҳо аз эҷодиёти олимону мутахассисон, хусусан дар рисолаҳои кишоварзӣ, феҳристҳои китобхона, нишондиҳандаҳои алоҳида ва инъикоси адабиёти кишоварзӣ дар адабиёти илмию адабӣ ва соҳавӣ маълумоти зиёд гирдоварӣ намуда, ба хулосае меояд, ки библиографияи кишоварзӣ дар сарҳади Тоҷикистони таърихӣ то пайдоиши назарияи он васеъ истифода шудааст.