Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АМИТ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8
Removing Xrec.png, it has been deleted from Commons by Fitindia because: No permission since 8 August 2021.
Сатри 99:
Таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ ҳанӯз дар Шӯъбаи физика ва математика бо таҳқиқоти нигоҳ дошта нашудани ҷуфтӣ, ҳангоми иҳотаи мю-мезонҳои нурҳои кайҳонӣ аз тарафи ядроҳои моддаҳо, бо мақсади омӯзиши асимметрияи паридани нейтрон вобаста ба спини ядро, оғоз шуда буданд. Таҳқиқотҳо ба натиҷаҳои ба даст омада дар баландии 3860 м аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон асоснок шуда буданд.<br>
Соли 1971 бо ташаббуси Институти физикаи Академияи илмҳои ИҶШС (ИФАИ ба номи П.Н. Лебедев, «ФИАН») дар Помир дар мавзеи Ак-Архар дар баландии 4360 м аз сатҳи баҳр таҳқиқоти муштарак бо олимони ИФТ АИ ҶТ, оид ба омӯхтани таъсири зарраҳои элементарӣ ва нуклонҳо бо нуклонҳо ва ядроҳо дар энергияи аз 10^12 эВ баланд (эксперименти Помир) оғоз шуданд. Ҳангоми таҷриба таҷҳизоти камераи рентгеноэммулсионӣ бо масоҳати 1000м2 ҷамъ ва насб карда шуд. Дар иҷроиши вазифаҳои эксперименти “Помир” Институти физикаю техникии ба номи С.В. Стародубцев А.И. ҶШС Ӯзбекистон, Пажӯҳишгоҳи ҳастаи Академияи илмҳои ИҶШС, Институти таҳқиқоти физикаи ҳастаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Д.В. Скобелцин, Институти физикаи энергияҳои фавқулбаланди Академияи илмҳои ҶШС Қазоқистон, Институти физикаи Академияи илмҳои ҶШС Гурҷистон ширкат варзиданд. Соли 1987, дар Париж, дар Конференсияи XVII Байналмилалӣ оид ба нурҳои кайҳонӣ, созишнома дар бораи ташкили ҳамкориҳои “Помир-Чақалтой” ба имзо расид, ки кӯшишҳои физикони ҳашт кишвар: Русия, Ҷопон, Лаҳистон, Бразилия, Боливия, Гурҷистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро муттаҳид кард.<br>
 
[[Акс:Xrec.png|мини|Дастгоҳи рентгению эмулсионии пойгоҳи Помир]]
Дар таҷрибаҳои Помир як қатор зуҳуроти нотакрор ва нодир ба мисли супероилаи “Ситора”, ки аз заррае бо энергияи тартиби 10^17 эВ ташаккул ёфтааст, мушоҳида карда шуд. Энергияи мутақобилаи нурҳои аввалияи кайҳонии супероилаи “Тоҷикистон” 10^18 эВ буд - ин бузургтарин энергияи мутақобилаи зарраҳои қайдкардашуда нисбат ба тамоми таҷрибаҳои ҷаҳонӣ бо истифодаи камераҳои калони рентгено-эмулсионӣ мебошад.<br>
Эксперименти Помир, ки соли 1971 оғоз ёфта буд, ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии Помир-Чакалтай (МБИТ-ПЧ), ки моҳи августи соли 2008, барои баргузории таҳқиқоти муштараки ҳастаӣ ва астрофизикии нурҳои кайҳонии дорои энергияи баланд ба имзо расид, дохил карда шуд.<br>