Наргис Бандишоева: Тафовут байни таҳрирҳо

х
no edit summary
(Rescuing 1 sources and tagging 0 as dead.) #IABot (v2.0.8)
хNo edit summary
Наргис дастпарвари мактаби мусиқии «Чайковский» дар Душанбе буда, падараш дастпарвари Консерваторияи Маскав (ҳамкурси Александра Пахмутова ва Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ) навохтани фортепианоро ёдаш дод. Пас аз таҳсил дар ин мактаб Наргис дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи [[Мирзо Турсунзода]] аз омӯзгоронаш инчунин устод Меҳрубон Назаров, падари [[Далер Назаров]] ҳунаромузи кард.
 
Наргис донишҷӯи соли панҷуми [[Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон|Донишгоҳи Мирзо Турсунзода]] буд, ки соли 1989 дар озмуни «Нахустин ҳунарнамоии ҷавонон» ширкат кард. Вай бо суруди шуғнии Олег Фезов «Лалаик» дар ин озмун пирӯз шуд ва соле пас дар ҷашнвораи «Иссиқ-Кӯл — 89» ширкат кард ва барандаи унвони «Мисс Иссык-Куль — 89» шуд ки арзёбие буд аз ҳунару шеваи овозхонии нотакрораш. Дар пайи пирӯзӣ дар ин озмун ӯро барои ширкат дар озмуни «Юрмала» дар Маскав даъват карданд. Ширкат дар ин озмун барояш такондиҳанда шуд: як шарти ин озмун ин буд, ки овозхонон бо фонограмма суруд мехонданд. Ҳангоме ки Наргис ба саҳна баромад, касе аз бадандешонаш фонограммаашро гум кард то вай натавонад ҳунарнамоӣ кунад. Ин рӯйдод бар вай чунон асар гузошт, ки дертар ҳатто нахост дар озмуни «Садои Осиё» ширкат кунад, ҳарчанд ки дар ду даври нахусташ баранда шуда буд. Аммо наздиконаш водораш карданд, ки аз ширкат дар ин озмун руйрӯй натобад.
 
Озмуни «Садои Осиё» дар соли 1989 яке аз муҳимтарин рухдодҳои фарҳангӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ буд. Барои ширкат дар ин озмун 150 овозхон довталаб шуданд, аммо доварон барои ширкат дар бахши ниҳоӣ танҳо 30 касро интихоб карданд, ки аз беҳтарин ҳунармандону овозхонони кишвар махсуб мешуданд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун ба ҷуз Наргис ҳамчунин [[Далер Назаров]], [[Кароматулло Қурбонов|Кароматуллоҳ Қурбонов]], Парвиз Назаров, [[Олег Фезов]] ва Парвина Юсуфӣ низ ширкат доштанд.
 
Наргис дар ин озмун пирӯз шуд ва ситораи мусиқии Тоҷикистон ва [[Осиёи миёна]] гашт. Вай бештар сурудҳоеро бар ашъори номдортарин шоирони тоҷикртоҷик месуруд ва сабки вижа ва нотакроре дошт ва то кунун дар Тоҷикистону ҷаҳон дӯстдорони бешумор дорад.
 
Наргис Бандишоева 21 сентябри 1991 дар садамаи худрав дар роҳи Варзоб — Душанбе халокҳалок шуд. Ӯро дар Душанбе ба хок супурданд.
 
== Пайвандҳо ==
2 354

edits