Бохтар (шаҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Farorud (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
Барчасб: Disambiguation links
Сатри 65:
 
== Ҳамчунин нигаред ==
[[Подшоҳии Бохтари қадим| Бохтари қадим]] — дар баробари номи яке аз се вилояти таърихии [[Мовароуннаҳр]] ([[Суғд]] ва [[Хоразм]]) будан, инчунин номи калонтарин [[шаҳр]] ва пойтахти давлати [[Кушониён |давлати Кушониён]] ба ҳисоб мерафт. Шаҳри Бохтари қадим қабл аз [[Кушониён |давраи Кушониён]] бунёд ёфта, баъдан дар ин давра хеле обод шуда, гузару маҳаллаҳои нав пайдо мешаванд ва атрофи он бо девори нави мудофиавӣ иҳота мегарданд Берун аз девори шаҳр гузару маҳаллаҳо мавҷуд буданд, ки аз васеъ шудани масоҳати шаҳр гувоҳӣ медиҳанд. Ҳарчанд дар давраи ҳукмронии Канишка (103-126 м.) пойтахт ба шаҳри Пешовар кӯчонида шуда бошад ҳам, Бохтар (Бохтари қадим) ба ҳайси пойтахти дуюм мавқеи худро нигоҳ медоштааст. Қисмати калони [[Кушониён |давлати Кушониён]] – [[Вароруд]] аз ҳамин марказ идора карда мешуд.<ref>Массон В.М., Ромодин В.А. История Афганистана. Т.1., М., 1964. – С. 169.</ref>.
Дар забони кушонию бохтарӣ калимаи «Бохтар» хеле маълум буда, дар луғатҳо ба маънии [[Мағриб|«ғарб, мағриб»]] ва ҳам [[Ховар (ҷуғрофия)|«шарқ, ховар»]] омадааст. Аммо баъзе донишмандон онро ба маънии «ғарб» афзалият дода, ба маънии «шарқ» калимаи [[Ховар (ҷуғрофия)|«ховар»]] — ро тавзеҳ додаанд. Он дар забони авестоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ дар ҷараёни гузашти солҳо бо баъзе тағйироти овоӣ дучор шуда, аслан маънои “ғарб”«ғарб»-ро ифода менамояд. Топоними ҷуғрофии «Бохтарзамин» низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифта, ба маънои «кишварҳои ғарбӣ, мағрибзамин» фаҳмида мешавад. Ҳамчунон мардумоне, ки дар шимолу ғарбии Ҳинд зиндагӣ мекунанд, онҳоро бохтарӣ ва ё балхӣ меномиданд. Баъдҳо маънои “Бохтар” дар [[забони суғдӣ]] роҳ ёфта, ба сифати макони ҷуғрофӣ муаррифӣ шудааст.
 
Аз нигоҳи таърихӣ Бохтар (Бохтари қадим) номи қадимии [[Балх]] низ ба ҳисоб рафта, қаламрави он ҳамчун вилояти таърихӣ қисмҳои марказӣ, ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистони ҳозираро фаро гирифта, тайи асрҳои миёна ва минбаъд тобеи [[Хатлон]] ва ҳокимони [[Қубодиён]] буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, [[Леваканд]] ва [[Ҳаловард]] қарор доштааст.<ref>[http://khovar.tj/2018/01/shar-i-ta-jiri-nom-oi-baze-mavze-oi-u-rofii-mamlakat/ Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат/Дар бораи Бохтар]</ref>