Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Payvand-i Farsi
No edit summary
Сатри 162:
Аз рӯи адабиёти мавҷуда маълум аст, ки Пайрав ба ягон созмони зидди аморати бухоро шомил набуд. Пас ӯ ба кӣ ва ба чӣ уммед бастааст?
Солҳои охир дар матбуоти тоҷик доир ба ишқилоби Бухоро, мавқеи зиёиёни авохири садаи XIX ва ибтидои садаи XX дар ин инқилоб баъзе асарҳо ва мақолаҳо интишор ёфтанд, ки ахбори то ин дам дастнорас ва андешаҳои тозаеро фаро гирифтаанд.
Дар фаслномаи «Гули мурод» (1997, 7-9) (3)) порчае аз «Рӯзнома»-и Садри Зиё дар таҳияи [[Муҳаммадҷон шакурӣШакурӣ]] бо сарсухани эшон ба табъ расид.
Вақто ки лашкари руссия ба насаф (Қаршӣ) ҳуҷум мекунад, Садри Зиё қозии онҷо буд. ӯ дар ин порчаи «Рӯзнома» ҳодисаҳои дар роҳ-аз Қаршӣ то Бухоро руҳ додаро аз охири августи соли 1920 то оғози сентябри ҳамон сол чун шоҳид тасвир намудааст. Масалан, ӯ навиштааст: «Ҳама аҳли қишлоқ аз бими саллот (сарбоз) –ҳои Руссия фирор карда буданд. ҲӣҲо тамоман холӣ аз одам буд. Аҳолӣ ҷумлатан дарак надоштанд. Аз як тараф хавфи саллот буд, ки ба қишлоқ мегаштанд, зирӯҳе (ҷонзоте), ки ба назарашон медаромад, билотаваққуф ба милтиқ мепаррониданд, чизе, ки дошта бошад, мегирифтанд».
Садри Зиё инчунин ба воситаи овардани хобҳои даҳшатбори худ «аз зарбати тӯби қалъакӯб» хароб шудани Бухоро, ба замин яксон шудани қасру кӯшкҳо, ба горат ва яғмо рафтани молу амволи халқ, ба қатл расидани мардуми бегуноҳро нишон додааст, ки ҳама моҳияти «Инқилоби Бухоро»-ро хеле равшан падидор месозад.