Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 124:
Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки ин шеър солҳои 1918-1919 навишта шудааст.
Дӯсти Пайрав Алӣ Исмоилзода дар мақолаи номатӯи худ доир ба эҷодиёти Пайрав, ки дар архиви шоир маҳфуз аст, дар бораи хонанишин шудани ӯ навиштааст:
«Падари рафиқ Сулаймонӣ Абдукаримҷон гарчи ба ҳаракати ҷадидӣ ба сифати як инқилобпеша фаъолона иштирок накарда бошад ҳам, вале равшанфикр, газетахон ва ғайри [[мутаассиб]] будани вай аз тарафи ҳукумати Бухоро нисбат ба ӯ ба пайдо шудани сӯизан сабаб шуда буд.
Дар авохир аз тарафи рабоби ҳукумати Бухоро ва муллоёни муттаассиб аз худи Абдукаримҷон зиёдтар ба писари ӯ Отаҷон Сулаймонӣ сӯизан ҳосил мешавад. Сахтии таъқибот Пайрав Сулаймониро маҷбур мекунад, ки дар либоси занона чанд вақт дар хона пинҳон шуда биистад».
Аз як тараф, мазмуни қисми аввали шеър ва тарҷумаи ҳоли шоир ҷоиз будани чунин ақида, яъне пеш аз инқилоби [[Бухоро]] навишта шудани онро тасдиқ мекунад. Шеър ҳасби ҳоли Пайрав, оҳу нола ва фарёди ҷонгудози ӯро «дар чордевори беэътиборӣ» аз ҷаври фалак ва бахти рамида ифода намудааст.