Гунҷишки хонагӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
New page: Гунҷишкҳо (passer), ҷинси паррандаҳо, мансуби қатори Passeriformes. Нӯлу қаноти кӯтоҳ ва пари нарму зич доранд. Ва...
(бе тафовут)

Нусха 08:02, 10 Январ 2007

Гунҷишкҳо (passer), ҷинси паррандаҳо, мансуби қатори Passeriformes. Нӯлу қаноти кӯтоҳ ва пари нарму зич доранд. Вазнашон 20-35 грамм. Диморфизми ҷинсӣ одатан аз ранги гунҷишкҳо маълум мегардад (Гунҷишкҳои нар одатан дар гарданашон парҳои сиёҳ доранд). Ранги гунҷишкҳо ҷигарии хокистарранг буда, холҳои зиёди сафеду зардча доранд. 17 намуди гунҷишкҳо дар Аврупо, Осиё (ғайр аз шимолаш) ва Африка паҳн гашта, баъзе намудашон ба Америка, Австралия ва Зеландияи Нав оварда шудаанд.