Ҷумъаи Толиб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 27:
 
Аълочии матбуоти [[Тоҷикистон]].
 
Узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон аз соли 1984, [[Ҷумъабой Толибов]] солҳои зиёде ба мардуми хеш хидмат кардааст. Вай муддате сардабири нашрияи ноҳиявии “Меҳнат”, муассиси нашрияи хусусии “Нури ҳақ” ва корманди ҳукумати ноҳияи Айнӣ буд.
 
Дар соли 2005 зимни мақолаҳои муҳим ва интиқодии ӯ ба муқобилаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва 26-уми июли ҳамон сол вай ба ду соли ҳабс маҳкум гашт. Он вақт бисёриҳо гумон надоштанд, ки ин ҳукм тағйир хоҳад хӯрд. Аммо афроде буданд, ки аз Ҷумъабой Толибов дар муҳокимаи додгоҳӣ, августи соли 2005 ва навиштаҳои ӯ ҳимоят мекарданд. Бо талоши якҷояи вакилони Толибов дар муҳокимаи додгоҳӣ, августи соли 2005 дифоъ ва мушовирони ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бар пояи ҳамраъйии журналистони тоҷику эътирози созмонҳои дохилӣ ва ҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодии матбуот дар 16-уми декабри соли 2005 ҳамкасби мо озод шуд.
 
Аммо дар ин байн ним солро дар маҳбаси шаҳри Истаравшан гузаронд ва азбаски бо мақомоти нерӯманде дасту панҷа нарм карда буд, борҳо хатаре ба миён афтод, ки ӯро аз нав зиндонӣ кунанд.
 
Хушбахтона, Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ӯро баррасӣ карда, бегуноҳии журналистро ба исбот расонд. Ин мушкилот Толибовро аз роҳаш барнагардонд. Вай пас аз озодӣ ба навиштан идома дод ва баъд аз муддате ҳамкорӣ бо нашрияи “Фараж” мудири иҷроии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон таъйин шуд ва хабаргузории “Зарафшон-Таймс”-ро таъсис дод.
 
Солҳои охир Ҷумъаи Толиб раҳбари Дафтари мушовара, пажӯҳиши лингвистӣ ва таҳқиқоти журналистӣ ва ҳам сардабири ҳафтаномаи “Пайкон” аст. Вай ҳамчуин муаллифи матолиби зиёди танқидист, ки бо ин роҳ ба кори беҳтари идораву муассисаҳо ва мансабдорони давлат мусоадат мекунад. Баҳсҳои зиёди додгоҳӣ ва мушкилоти нашрия ва инчунин баста шудани созмони ӯ, ки муассиси ҳафтаномаи “Пайкон” буд, сабаб гардид, ки журналисти саршинос на танҳо аз кори дӯстдошта, балки саломатияш низ маҳрум гардад.
 
== Кӯмак ба журналист ==