Пайрав Сулаймонӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 200:
Яке аз шеърҳои номатбӯи Пайрав бо унвони « Ҳол ва Мозӣ» аст. Соли 1989 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» (1989, №4) як шеъри Пайрав ба истиқболи «Ҳол ва Мозӣ»-и оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан – дабири рӯзномаи «Фикри озод» чоп шуда буд. Ин шеъри дуввум аст, ки ба мавзӯи «Ҳол ва Мозӣ» бахшида шудааст.
Баръакс оғои Мирзо Алӣ Акбари Гулшан ҳамин шеъри дуввуми Пайрав «Ҳол ва Мозӣ»-ро истиқбол кардааст. Маълум мешавад, ки Лола Сулаймонӣ ба сарлавҳаи воҳиди ҳифзи 13-и архив чандон эътибор надодааст. Дар ин воҳиди ҳифз дар ақиби варақе, ки шеъри «Ба духтари Чингиз» навишта шудааст, шеъри Гулшан бо хати худи Пайрав сабт ёфтааст. Пайрав ба ҷои сарлавҳаи шеър навиштааст:
<blockquote>
«Истиқболи марҳамати шоиронаи мудири рӯзномаи «Фикри озод» (Машҳад) ҷаноби адиби мӯҳтарам Мирзо Али Акбар (Гулшан) шеъри ҳақиронаи «Ҳол ва Мозиро».Он чи ки дар ин мақола баён гардид, баъзе хулосаҳо ва чанд мисол аз он бори муҳиме, ки ҳангоми таҳияи куллиёти илмии Пайрав анҷом дода шуд.
</blockquote>
Инак, ҳоло мехоҳем доир ба сохтори куллиёти илмии Пайрав Сулаймонӣ чанд сухан гӯем.
 
Куллиёт чунонки арз кардем, тамоми осори то кунун ба табъ расида ва ба табъ нарасидаи шоирро аз бойгонии ӯ дар бар кардааст. Асарҳо аз рӯи навъҳо (назм, наср, номаҳо ва ғайра) тасниф шуда, жанр ба эътибор гирифта нашуда аст. Дар дохили ҳар як навъ, масалан назм, ҳар як асар мувофиқи санаи таълиф ҷой гирифта аст. Санаи тахминии шеърҳо дар қавсайн оварда шудааст.
 
Асарҳое, ки санаи таълифашонро муайян карда натавонистем, бахши алоҳидаро ташкил намуда, баъд аз шеърҳои санаи таълифашон маълум ҷобаҷо гузошта шуданд. Шеърҳои ҳаҷвӣ низ чун қисми алоҳида баъд аз шеърҳои санаи таълифашон номаълум оварда шуд, зеро онҳо низ санаи таълиф надоранд. Шеърҳои нотамом дар охири шеърҳо яъне баъд аз шеърҳои ҳаҷви омадаанд.
Танҳо дар қисми «номаҳо» санаи таълиф риоя нашудааст. Номаҳо аз рӯи шахсоне ки ба онҳо ирсол шудаанд, танзим ёфтаанд, вале агар ба як шахс як чанд нома фиристода шуда бошад онҳо аз рӯи санаи таълиф гузошта шудаанд.
 
Асарҳои Парав инчунин аз рӯи қоидаҳои имлои имрӯза ба чоп ҳозир шуда, дар байни замон муҳимтарин хусусиятҳои имлои муаллиф нигоҳ дошта шуд.
 
Тавзеҳоти аз тарафи муаллиф дода шуда, дар поварақ сабт гардид. Шарҳу эзоҳи таҳиягарони маҷмӯаҳои гуногуни Пайрав аз рӯи зарурат дар қисми тавзеҳот оварда шудаанд.
Ба ҳамин тариқ Куллиёти илмӣ барои муҳаққиқони эҷодиёти Пайрав маводи фаровон медиҳад, барои мураттибони осори ӯ матни саҳеҳе пешниҳод менамояд.
 
==Хуршеда Отахонова==
 
1.#Пайрав сулаймонӣ. Шукуфаи адабиёт. Нашр. Сове. Тоҷикистон . Сталинобод – Самарқанд, 1931, саҳ.197
2.#Пайрав Сулаймонӣ. Девон, Душанбе, «Ирфон»,, саҳ.193
3.#Лола Сулаймонӣ. Он беҳ, ки нишоне надиҳад, ному ….», «Адабиёт ва санъат», 1994, 19 июл.
4.#Қаламам умри ҷовидони мн аст, «Адабиёт ва санъат», 1939, 27 апрел.
5.#Лола Сулаймонӣ. «Шарҳи достони фироқ», «Садои Шарқ», 1989, №4, саҳ. 112.
6.#«Садои шарқ», 1989, №4, саҳ. 113.
7.#Ҷалол Икромӣ. Душанбе ватанам – Бухоро зодгоҳам, 1989, 75№4, саҳ. 90-91.
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]