Аттори Нишопурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ботили нусхаи 263905 аз тарафи 109.68.234.7 (Баҳс) ботили вандализм
Сатри 10:
[[Акс:Attar_mausoleum0.jpg|thumb|Оромгоҳи Аттор, [[Нишопур]]]]
'''Фаридаддин Аттор''' ({{забон-фа|فریدالدین عطار}}) аз бузургтарнм сухансароёни адабиётн форсу тоҷик буда номи ӯ Муҳаммад, лақабаш Фаридаддин ва куньяташ Абуҳомид будааст. Падари ӯ Иброҳим Абӯбакр аст. Шоир Аттор ва гоҳе Фарид, ки мухаффафи Фаридадднн аст, тахаллус мекардааст. Вай дар [[Нишопур]] ва ё яке аз касабаҳои он, ки Кадакон ном доштааст, ба дуньё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди у ихтилофхо зиёд аст. Баъзе соли 512 хичрй (1118 мелодй) ва 513 хичрй (1119 мелодй) ва аксар соли 540 хичрй (1145 мелодй)-ро соли таваллуди Аттор медонанд. Санахои дигар низ оварда мешавад. Аммо санаи 540 (1145) ба ҳақиқат наздиктар аст.
 
[[Акс:HellmutRitter statue.jpg|thumb|Тандиси профосор [[Ҳеллмут Риттер]], Атторшиноси [[Олмон]]и,<small> ки бо сифориши анҷумани дустдорони [[Ҳофиз]] ва [[Гуте]] дар кинори оромгоҳи Аттор сохта шуда аст</small>.]]
Таҳсили илми Атгор дар зодгоҳаш ва яке аз шаҳрчаҳои наздики [[Нишопур]], ки Шодях ном доштааст, мегузарад. Аз ашъори ӯ маълум мегардад, ки аз илмҳои ҳикмат, [[фалсафа]], [[таърих]], калом, тафсир, ҳадис, нуҷум, [[тиб]], [[дорушиносӣ]] дониши фаровоне андухта будааст ва ин илмҳоро басе хуб медонистааст. Инаш низ маълум аст, ки Аттор илми тиб ва дорушиносиро аз падари худ, ки аттор ва табиби моҳир будааст, омӯхта дар ин соҳа шӯҳрат меёбад ва дар дорухонаи падараш ба кори табобат машғул мешавад.
Муҳаққиқони эҷодиёти Аттор мӯътақиданд, ки аз асарҳои зиёде, ки ба Аттор нисбат медиҳанд, «Асрорнома», «Мантиқ-ут-тайр» (ё «Мақомоти туюр»), «Хисравнома», «Илоҳинома», Мухторнома», «Мусибатнома», «Ҷавоҳирнома», «Шарҳулқалб», «Тазкират-ул-авлиё», «Девони қасоид ва ғазалиёт» ки аз онҳо Аттор дар асарҳои худ ном мебарад, бешаку шубҳа аз они Аттор аст. Баъзеҳо «Булбулнома» ва «Уштурнома»-ро низ аз Аттор медонанд ва инро далелнок мекунанд Аммо асарҳои боқимонда аз касони дигар, аст, ки Аттор тахаллус дошта, дар замонҳои гуногун зистаанд ва аксари онҳо моли [[Атторн Тунӣ]] (асри XV) аст.