Пайдоиши ҳаёт: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 13:
 
=== Таҳаввулоти биохимиявӣ ===
====Назарияи сафедавӣ-коасервативиикоатсервативии Александр Опарин====
[[Акс:Aleksandr Oparin and Andrei Kursanov in enzymology laboratory 1938.jpg|thumb|right|[[Александр Опарин]] дар [[1938]].]]
Мувофиқи ин назария, раванди пайдоиши ҳаётро дар сайёраи [[Замин]] ба се давр ҷудо кардан мумкин аст:
Сатри 47:
 
''Чаҳорум'', КРН дар баробари дорои ҳамаи функсияҳои КДН буданаш, метавонад баъзе функсияҳои ба сафедаҳо хос, аз ҷумла [[катализ]]и реаксияҳои химиявиро иҷро кунад. Ҳамин тавр, мо метавонем бигӯем, ки КДН ин шакли дертар таҳаввулшудаи КРН мебошад, ки барои иҷрои функсияҳои бозтавлид ва нигоҳдории нусхаҳои ягонаи [[ген|генҳо]] дар таркиби [[геном]]и ҳуҷайра бе иштироки бевосита дар[[биосинтез|биосинтези]] сафедагон иҷро кунад.
 
=== Назарияи худпайдоиши ҳаёт ===
 
ИН назария дар [[Чин]]и Қадим, [[Бобул]] ва [[Миср]] ба вуҷуд омадааст ва дар баробари [[креатсионизм]] амал мекард. [[Арасту]] (384—322 пеш аз милод), кӣ ӯро аксари вақт асосгузори биология мехонанд, тарафдори фарзияи якбора ба вҷуд омадани ҳаёт буд. Мувофиқи ин фарзия, «ҳиссачаҳои» махсуси модда дорои «маҳаки фаъол»е мебошанд, ки дар шароити мусоид метавонанд организми зиндаро ба вуҷуд оваранд. Бо пайдоиши [[дини насронӣ]] назарияи якбора ба вҷуд омадани ҳаёт ғайримаъмул шуд: онро танҳо одамоне, ки ба ҷодуву ҷину аҷина бовар доштанд эътироф мекарданд, вале он то асрҳои наздик мавҷуд буд.
 
Олими машҳур [[Ван Гелмот]] гӯё таҷрибае гузаронидааст, ки дар он ӯ дар муддати се рӯз муш сохтааст. Барои ин ба олим либоси чиркин, ҷевони торик ва камтар гандум зарур шудааст. Маҳаки фаъол барои сохтани муш ба ақидаи Ван Гелмот арақи бадани инсон буд.
 
Соли [[1688]] биолог ва табиби итолиёвӣ [[Франческо Редӣ]] масъалаи пайдоиши ҳаётро ҷиддитар омӯхт ва назарияи якбора ба вуҷуд омадани ҳаётро зери танқид қарор дод. Редӣ муқаррар сохт, ки кирмакҳои хурди дар гӯшти вайроншаванда пайдошуда тухми [[пашша]]ҳо мебошанд. Ӯ чандин [[таҷриба]]ҳо гузаронида, маълумотеро пайдо намуд, ки мувофиқи он ҳаёт метавонад танҳо аз чизи зинда пайдо шавад (консепсияи [[биогенез]]).
 
Соли [[1860]] ба омӯзиши масъалаи пайдоиши ҳаёт химики фаронсавӣ [[Луӣ Пастер]] пардохт. Ӯ бо таҷрибаҳои худ собит сохт, ки [[бактерия]]ҳо дар ҳама ҷой ҳозиранд ва маводи ғайризинда метавонад бе ягон мушкилӣ дорои мавҷудоти зинда гардад, агар онҳо дуруст стерилизатсия нашаванд. Олим муҳитҳои гуногунро, ки дар онҳо бактерияҳо метавонистанд пайдо шаванд, дар об ҷӯшонид. Ҳангоми ҷӯшонидан микроорганизмҳо ва спораҳои онҳо мемурданд.
 
Дар натиҷаи гузаронидани таҷрибаҳо Пастер дурустии назарияи биогенезро собит сохт ва назарияи якбора ба вуҷуд омадани ҳаётро пурра инкор кард.
 
=== Манбаъҳо ===