Осору-л-вузаро: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
«Осор ул-вузаро»
 
х Илова
Сатри 1:
[[«Осор ул-вузаро»]] - асари таърихиест дар бораи вазирони мамолики исломӣ аз давраи ибтидои Хилофати араб то замони салтанати Темур ва темуриён. Муаллифи асар [[Сайфиддинҳоҷӣ]] ва котиби он Ибни Дарвеш Имомқули Шайх Ҳасан аз силсилаи кубравия будааст. Асари мазкур 10 моҳи раб-ул-аввали соли 1066 ҳиҷрӣ (7 моҳи январи с. 1656 мелодӣ) рӯйнавис шудааст.
 
Нусхаи дигари «Осор ул-вузаро» дар шаҳри Сринагари Кашмир дар китобхонаи Институти Осиёи Марказӣ (назди донишгохи Кашмир) маҳфуз аст. Китоб сана ва номи котибро надорад. Номи муаллиф таври зайл омадааст: Сайфиддин ҳоҷӣ бини Низом ул-Ақидӣ.
Дар асар иттилооnи таърихӣ дар бораи вазирони давлати [[Сомониён]] оварда шудааст
 
== Таърихи иншои асар ==
 
Муаллиф барои навиштани асри худ аз китобҳои «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома» - и А. Фирдавсӣ, «Ҷомеъ ул-таворих», «Таърихи Ҷоҳонгиршоҳи Ҷувайнӣ», «Таърихи Саҷуқӣ», «Қобуснома» ва ҳоказо истифода бурдааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик А.[[Аҳрор Мухторов]] «дар амал боби охири [[«Осор ул-вузаро»]], «Дар зикри Темур ва авлоди ӯ» номида шуда, воқеаҳои таърихиро то соли 875 ҳиҷрӣ (1470 – 1471) то замони вазирии Ҳоҷи Низомулмулки Хавфӣ дарбар кардааст. Аз ин таърих хулоса мешавад, ки муаллиф асари худро дар ибтидои ҳукумронии Султон Ҳусайн Мирзо (1469 – 1506) хатм кардааст. Бинобар ин номи вазири кабири ин давр Алишер Навоӣ дар ин асар зикр наёфтааст. <ref> Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 58-59. </ref>