Муҳаммадҷон Шакурӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 21:
Шакурӣ соли [[1939]] аз Бухоро ба Душанбе мекӯчад. Аввал дар мактаби намуна ва баъд дар омўзишгоҳи омўзгорӣ таҳсил мекунад. Соли [[1941]] донишҷӯи забону адабиёти тоҷикӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе шуд ва онро соли 1945 хатм кардааст. Ҳамзамон бо донишҷўӣ, соли 1943 то 1945 дар идораи рўзномаи «Тоҷикистони Сурх», ки имрўз «Ҷумҳурият» ном дорад, кор карда ва дар охирҳои соли 1944 чанд гоҳ дар Институти таърих, забон ва адабиёт (бахше аз Шўъбаи Фарҳангистони улуми шўравӣ дар Тоҷикистон) лаборант буда аст.
 
Пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соли 1945 устоди ин донишкада шуд. Дар солҳои 1945 - 1946 устоди Донишкадаи муаллимии Кўлоб буд. Сипас ба Душанбе баргардаштбаргашт ва дар Донишкадаи омўзгории Душанбе то соли 1953 аз адабиёти қадим, забони тоҷикӣ, хониши хониши матн, равиши омўзиши забону адабиёт дарс гуфт. Ҳамзамон солҳои 1948 - 1951 дар аспирантураи ин донишкада таҳсил дошта ва устоди раҳнамояш Холиқ Мирзозода буд. Мавзуъи пажӯҳишаш «Эҷодиёти Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927)» буда, вале азбаски ҳангоми баррасӣ дар Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 29 декабри 1952 Аҷзӣ шоири иртиҷоъӣ дониста шуд, пажӯҳишномааш рад шуд ва заҳмати сесолааш бар бод рафт.
 
Соли [[1953]] пажӯҳишро дар «Хусусиятҳои ғоявиву бадеъии «Ёддоштҳо»-и Айнӣ (қисми 1 ва 2)» оғоз кард ва онро соли [[1955]] дар Пажўҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Иттиҳоди Шўравӣ бо раҳнамоии профессор Иосиф Брагинский ба поён расонда ва [[28 феврал]]и [[1958]] рисолаашро дифоъ ва унвони номзади илми суханшиносӣ дарёфт кард.