Кайҳоншиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 10:
 
'''Кайҳоншиносӣ''' илме мебошад, ки фазои берунаро бо парвози киштиҳои кайҳонии одам ва роботдор таҳти омӯзиши худ қарор медиҳад. Ихтирои муҳаррикҳои ракетавии бо сӯзишвории моеъ коркунанда дар аввали асри 20 имконият дод, ки омӯзиши кайҳон амалӣ гардад. Он аз илми [[астрономия]], ки ҳазорсолаҳо боз аз замин истода кайҳонро меомӯзад, фарқ мекунад. Мақсади ниҳоии кайҳоншиносӣ тараққӣ додани омӯзиши коинот ва ба ҳам муттаҳид сохтани халқҳо барои маҳфуз мондани насли инсоният мебошад.
 
==Таърихи омӯзиш==
 
Омӯзиши кайҳон аксари вақт чун воситаи сиёсӣ дар раванди [[Ҷанги Сард]] истифода мешуд. Давраи аввали омӯзиши кайҳон мусобиқа барои соҳиб шудан ба коинот байни [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] ва [[Иёлоти Муттаҳидаи Амрико]] буд. Ба фазо баровардани аввалин [[радифи маснӯи Замин]] [[Спутник-1]] аз тарафи ИҶШС дар [[4 октябр]]и [[1957]] ва нишасти [[Аполлон]]и амрикоиён ба [[Моҳ]] дар [[20 июл]]и [[1969]] канорҳои марҳилаҳои ин давра буданд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои аввал пешсаф буд. Дастовардҳои он парвози нахустини инсон [[Юрий Гагарин]] ба кайҳон дар киштии [[Восток]] соли 1961, ба фазои кушоди коинот баромадани [[Алексей Леонов]] дар соли 1965 ва сар додани истгоҳи кайҳонии аввалин [[Салют-1]] мебошанд.
 
==Дар айни замон==
 
Баъд аз 20 соли таҳқиқот, парвозҳои ҷудогона ба киштиҳои чандин маротиба истифодашаванда аз қабили [[Барномаи кайҳонии Шатл]] ва пойгаи соҳибшавии кайҳон ба ҳамкории байни кишварҳо аз қабили [[Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ]] оварда расонид. Аз миёнаҳои солҳои 90-ум шахсиятҳои алоҳида ба соҳаи нав – саёҳати кайҳонӣ мароқ зоҳир мекарданд. Барномаҳои кайҳонии калон парвоз ба Моҳ ва эҳтимолан ба [[Миррих]]ро баъд аз соли 2010 пешбинӣ кардаанд.