Намоз Бердиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Иловаи акс
х Илова
Сатри 9:
}}
'''Намоз Бердиев''' - ([[23 январ]], [[1939]], д. Митани н. Иштихони вил. Самарқанд), доктори илми биология ([[1982]]), профессор ([[1990]]). Узви пайвастаи Академияи байналхалқии антропологияи интегративӣ ([[1997]]), узви пайвастаи Академияи байналхалқии экологияи бехатарии фаъолияти ҳаётӣ ([[2003]]). «Аълочии нигаҳдории тандурустии СССР» ([[1987]]), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ([[1999]]). Корманди шоистаи илму техникаи Тоҷикистон ([[1994]]).
== Ҳолнома ==
{{bio-stub}}
Баъд аз хатми мак. миёнаи зодгоҳаш (1957) дар фак. байтории Дон. киш. Самарқанд таҳсил кардааст. Сарбайтори с/зи «Кангурт»-и н. Совети (ҳоло- Темурмалики) вил. Хатлони ҶТ (1962-64), асп. (1964-66), ход. хурд (1966-67), ход. калони илмии Ин.-ути илмӣ –тадқ. ветеринарии Ваз. киш.ҶТ (1967-69). С.1969 дар асоси озмун корм. калон ва с. 1976 муд. Лабор. марказии тадқ. илмӣ интихоб гаштааст (1976-79) , муд. каф. биол. бо асосҳои генетика (1979-96). С. 1996 ноиби рек. оид ба робитаҳои байналхалқии ДДТТ таъин шудааст (1996-05). Аз с. 2005 – проф. каф. биол. бо асосҳои генетикаи ДДТТ.
==Осори илмӣ==
Дар мавзӯи « Норасоии йод дар хукҳо дар ноҳияҳои густариши ҷоғари эндемии ҷануби Тоҷикистон» рисолаи номзади (1976) ва баъди шаш сол рисолаи докториро дар мавзӯи «Мутобиқат ва муқовимати ҳайвонот дар шароити баландкӯҳ» дифоъ кардааст. Иштирирокчии симпозиум ва конфронсҳои илмие, ки дар Фаронса, Япония, Олмон, Испания, Венгрия, Чехословакия, Голландия , Туркия , Миср, Ҳиндустон, Покистон, Италия, Португалия, ИМА, ҶИЭ ва ғ. солҳои гуногун баргузор шудаанд. Муаллифи беш аз 270 мақола, 70 тезис, 8 ихтироот, 26 пешниҳоди ратсионализаторӣ, 12 дастури таълимӣ, 4 мон., 5 тавсияи методӣ ва 7 китоби дарсӣ ва васоити таълимӣ, аз ҷумла « Биология» (Д., 2006; нашри дуюм Д.,2008). Таҳти роҳбариаш 2 нафар унвонҷӯ рисолаи док. ва 12 нафар унвонҷӯ рисолаи номз. дифоъ кардаанд. Ҷонишини раиси шӯъбаи ҷум.-явии Анҷумани иммунологҳо ва аллергологҳо (аз с. 1992), узви ихтисосии олимони Донишгоҳи тиббии Қирғизистон дар заминаи додани унвони номзади илм (аз с. 2005), узви раёсати анҷумани тоҷикистонии дӯстӣ ва робитаҳои фарҳанги бо кишварҳои хориҷӣ (аз. с. 2007) интихоб шудааст.
== Мукофотҳо ==
Бо Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон (1985) ва Ӯзбекистон, мукофотонида шудааст.
== Манбаъ ==
Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 2013, с. 35-36