Самариддин Саъдиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
х тахрир
Сатри 13:
==Ҳолнома==
 
Самариддин Саъдиев 10 [[январ]]и соли [[1918]] дар ш. [[Самарқанд]] ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсоли шавқи санъати театро дӯст дошта дар синни 13-солагиаш дар театри «Кӯккӯйлак»-и ш. [[Самарқанд]] ҳамчун ҳунарпеша баромад мекард.
Солҳои 1932-1935 дар техникуми театрӣ ва солҳои 1935-1936 дар омӯзишгоҳи мусиқавии ш. [[Тошканд]] таҳсилро давом дода, инчунин берун аз дарс ҳамчун ҳунарпешаи театри «Малые формы» («Нақшҳои хурд») ш. Тошканд баромад мекард. Баъд аз хатми омӯзишгоҳ, ӯ соли 1936 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ҳунарпешаи [[Театри давлатии академӣ-академии драмавии ба номи АбулқосимА. Лоҳутӣ|Театри драммавиидрамавии ба номи А. Лоҳутӣ]] ба шаҳри [[Сталинобод]] меояд. С. Саъдиев аз соли 1940 дар театри навташкилшудаи опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва минбаъд солҳои зиед (1942-1970) дар [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷўраев|Филармонияи давлатии Точикистон]] хамчун ҳунарпеша ҳунарнамоӣ намудааст. Дар давоми фаъолияти эъҷодии хеш С. Саъдиев дар кори студияи [[Телевизиони Тоҷикистон]] саҳм гузоштааст. Солҳои аввали фаъолияти эҷодӣ дар [[Телевизиони Тоҷикистон]] - 1959-1960 ӯ ҳамчун коргардони намоишҳо барои бачагон дар сарредаксияи адабӣ-драммавӣ кор кардааст.
== Фаъолияти эҷодӣ ==
С. Саъдиев дар катори ҳунарпешаву шоиру нависандагони номдори Тоҷикистон иштирокчии Даҳаҳои адабиет ва санъати тоҷик дар ш. [[Москва]] буд, ки солҳои 1941, 1949 ва 1957 шуда гузаштааст. С. Саъдиев иштирокчии яке аз аввалин озмунҳои Умумииттифоқии артистони эстрада аз Тоҷикистон аст. Даври якӯми озмун дар ш. Тощканд соли 1946 шуда гузашт. Ӯ ғолиби даври озмуни осиёимиёнагӣ гардида, 20 июл - 2 августи соли 1946 дар ш. [[Москва]] дар озмуни Умумииттифоқии артистони эстрада иштирок намуда Лауреати озмун Умумииттифоқии артистони эстрада шудааст. Соли 1962 С. Саъдиев барои хизмати шоиста дар ҷодаи санъати мусиқӣ, театрӣ ва кинои точик унвони Артисти хизматнишододаи (шоиста)и Тоҷикистонро соҳиб шудааст.