Турон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 5:
Турон ва [[Эрон]] ду бахши [[Ориёно]] буданд, ки [[Дарёи Аму|Омударё]] аз миёнашон мегузашт.
 
Турон сарзамини устураӣ хонда шудааст, аммо пажӯҳишҳои навин нишон додаанд, ки Турон ҳамон сарзаминҳои [[Вароруд (Варазруд)|Фарорӯд / Варазрӯд]] то марзҳои Русия дар шимол ва Чин дар ховар будааст<ref>Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. – Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368; Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». – Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371</ref>.
 
Бархе гузорандагони устура ва ҳамосаи Эрон бо он пешзаминаи зеҳнӣ ки дар ҳама сурудаҳо ва навиштаҳои куҳани эронӣ ва сипас дар [[«Шоҳнома»]] ва дигар китобҳои порсӣ ва ҳатто бисёре аз китобҳои арабӣ дар ҳазораи ахир, ҳамвора турониён бар умум ва Афросиёбу Карсеваз ба вижа, дужманишу табоҳкору аҳриманӣ тавсиф шудаанд, хатте ҷудосоз миёни Эрону Турон мекашанд ва нахустинро яксара сарзамини аҳуроӣ ва биҳиштӣ ва дувуминро якбора марзу буми аҳриманӣ ва дузахӣ меангоранд. Аммо бозшинохти дурусту жарфкоронаи саросари устураҳо ва омӯзаҳои динии эрониёни бостон нишон медиҳад ки ингуна хатткашӣ ва сиёҳу сапедангорӣ поя ва бунёди устуворе сиришту жарфсохти устураҳои эронӣ надорад.
Сатри 20:
 
[[Туркистон]] худ вожаест ки бад-он тоҷикон сарзамини туркнишини [[Ҳафтрӯд]]ро меномиданд. Ин сарзамин дар шимолу шарқии [[Қирғизистон]]и кунунӣ ҷой дошт.
 
== Инҷоро ҳам нигаред ==
*[[Ориёӣ]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Турон"