Отахон Латифӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайванди беруна: иловаи гурух
х илова
Сатри 14:
 
== Таҳсил ==
Аз соли 1963 аввал дар нашриёти «[[Ирфон]]», сипас дар редаксияҳои рӯзномаҳои ҷавонон «[[Комсомолец Таджикистана]]» ва «[[Комсомоли Тоҷикистон]]» ва баъдан дар дастгоҳи кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси инструктор ифои вазифа намудааст. Аз соли 1967 то соли 1973 аввал мухбири махсуси газетаирӯзномаи «[[Комсомольская правда]]» дар [[Тоҷикистон]] ва [[Ӯзбекистон]], баъдан дар тамоми ҷумҳуриҳои [[Осиёи Миёна]] ва [[Қазоқистон]] буд. Кор дар нашрияи “Ирфон”, газетаирӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ва Кумитаи Марказии ЛКСМ-и ҷумҳурӣ барои ташаккул ёфтани Отахон Латифӣ ҳамчун шахсият нақши муҳим бозиданд.
 
== Фаъолият ==
Отахон Латифӣ аз соли [[1973]] то соли [[1989]] ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон будааст. Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси [[Шӯрои Вазирони Тоҷикистон]] таъин шуда то соли [[1991]] дар ин вазифа кор мекунад. Баъдан боз ба кори эҷодӣ мегузарад. Соли 1991 мухбири махсуси рӯзномаи «[[Известия]]» ва ҳафтаномаи «[[Союз]]» - «[[Жизнь]]» будааст.
 
Отахон Латифӣ бар асари воқеаҳои [[Ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон]] иҷборан тарки Ватан карда то соли [[1997]] чанд муддат дар [[Федератсияи Русия]] ва [[Ҷумҳурии Исломии Эрон]] кору зиндагӣ кардааст. Вай раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ дар кишварҳои [[Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ]] буд.
Сатри 24:
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
Отахон Латифӣ ҳамчун журналист, сиёсатшиносу сиёсатмадор дар ҷаҳони имрӯза маълуму машҳур аст. Дорандаи чандин ҷоизаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ ҳаст. Узви Конфедератсияи байналмиллалии журналистони ҷаҳон буд. Барои хизматҳои шоистааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар ӯ бо ордени «[[Шараф]]» мукофотонида шудааст.
== Некдошти устод ==
'''[[Кароматулло Олимов]]''', узви КОМ саҳми Отахони Латифиро дар ҷараёни музокирот ва барқарорсозии сулҳ хеле муассир арзёбӣ мекунад. Ҷаноби Олимов мегӯяд, ҳарчанд дар ҷараёни музокирот миёни онҳо баъзан баҳсу мунозираҳо ҳам сурат мегирифт, аммо талоши Латифӣ барои ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани сулҳ эҳсос мешуд : «Дар қабули як силсила санадҳо оид ба масоили ҳуқуқӣ, аз ҷумла қабули қонуни афв, афви онҳое, ки дар муқовиатҳои дохилӣ ширкат кардаанд ва ҳалли масоили вобаста ба сулҳ дар бештари маврид Латифӣ мавқеи муҳим ва мусбат дошт».
 
'''Профессор [[Иброҳим Усмонов]],''' [[рӯзноманигор]], узви КОМ. «Навиштаҳои Латифӣ ба мисли “Высокое гнездо”, “Долгое эхо в горах”, “Ключи к богатству гор”, “Плотина”, “Родники жарких долин”, “Кишлак в Душанбе”, “Откровенный разговор”, “Цена рекорда”,”Рабочего нужно готовить” худ сарлавҳаи ҷолиб доштанд. дар мақолаҳои дусадсатрӣ ва камтар аз он Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, масъалаҳои доғи рӯз бардошта мешуданд, ки миллионҳо хонандагони газетаи “Правда” (адади нашр 12 млн. нусха) дар тамоми гӯшаву канори дунё аз он бохабар мешуданд, роҳбарону мансабдорони сатҳи гуногунро мақолаҳои Латифӣ такон медод. “Латифӣ он чизеро, ки медид ҳамонро менавишт, бинобар ҳамин хонанда он чизеро Латифӣ менавишт, бо чашми худ медид. Латифӣ ҳар чизеро, ки худ дарк мекард, менавишт, бинобар ҳамин хонанда ҳам ба шарафи қалами ӯ ҷаҳонбиниашро васеъ мекард”, - навиштааст профессор И. Усмонов.