Юсуф Исҳоқӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 34:
Ҳаминро бояд қайд кунем, ки баробари ин дастовардҳои барҷастаи илмӣ симои Юсуф Исҳоқиро фаъолияти созмондиҳии эшон ба сифати сарвари яке аз донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурӣ - Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба таври шоиста муаррифӣ менамояд. Дар ин даври пурмазмун дар қатори зиёда аз 880 мактабҳои олии СССР Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар ҷойҳои аввал меистад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки номи Абӯалӣ ибни Сино барин ашхос ифтихори халқ, ифтихори мо, ифтихори мардуми ҷаҳон буда, насли имрӯзаро бо корҳои бузург ҳидоят мекунад. Юсуф Баширхонович Исҳоқӣ аз олимони сермаҳсули соҳаи тиб буда, дар инкишофи тандурустии ҷумҳурӣ ва тарбияи насли нави духтурон саҳми беандоза калон гузоштааст.
Масалан, китоби якҷоя бо Л.И. Калштейн бо номи «Детская оториноларингология» (Душанбе, Маориф, 19921977, 398 с.), якҷоя бо Л.И. Калштейн - мудири пештараи кафедраи оториноларингологияи ДДТТ - офаридаи Ю.Б. Исҳоқӣ барои табибон ва донишҷӯёни мактабҳои олии тиббии собиқ СССР ҳамчун дастури рӯи мизи солиёни дароз хизмат карда истодааст. Китоби «Руководство по оториноларингологии» (М.: Медицина, 1994 ва нашри дуюми он соли 1997), ки Ю.Б. Исхоқӣ бо ҳаммуалифии профессорони номдори СССР Солдатов И.Б., Дайняк Л.Б., Митин Ю.Б. ва дигарон навишта буд, барои духтурони соҳа аҳамияти энсиклопедӣ дорад. Ю.Б. Исхоқӣ дар байни табибон бо одамияти баланди худ, одоби табибӣ ва муносибати волои хеш ба беморон машҳур буданд. Ҳар як табиб орзу мекард, ки мисли Ю.Б. Исҳокӣ дар байни оммаи меҳнаткашон обрӯ ва мавқеъ дошта бошал.
Тадқиқоти илмии Ю.Б. Исҳоқӣ ниҳоят фарох буда, ба масоили гуногуни соҳаи тиб бахшида шудааст: истифодаи заҳри мори гурза барои нигоҳ доштани хунравӣ ҳини бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ; этиология, патогенез, ташхис ва муолиҷаи кистаи роҳҳои болои нафас; ихтилои қобилияти гузаронандагии рагҳои хунгузар ва дар ҷавфи назди бинӣ пайдо шудани киста ва ғайра. Дар омӯзишу пажӯҳиши Ю.Б. Исҳоқӣ хоса масъалаҳои робитаи тарафайни амрози бодомакҳои гулӯ ва гурдаҳо дар кӯдакон, мутобиқшавӣ ба шароити баландкӯҳ, таъсири ҳипоксия ба ҳолат ва фаъолияти гӯшу гулӯю бинӣ, омӯзиши бемориҳои аллергиявии узвҳои ЛОР кишвар, мансубияти беморони гирифтори амрози узвҳои ЛОР ва ғайра ҷои муҳимро ишғол менамоянд. Ҷарроҳиҳои мураккабтаринро низ худашон мегузарониданд.