Саразм: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Иловаи акс
х илова
Сатри 1:
[[File:Панҷакенти бостон.jpg|thumb|Саразми қадим]]
'''Шаҳркадаи [[Саразм]]''' - яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷӣ [[Осиёи Миёна]] мебошад. [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ба [[Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО]] дохил шудааст.
== Номгузорӣ ==
Номгузории [[Саразм]] аз калимаи тоҷикии «саризамин» ба вуҷуд омадааст.<ref>[http://www.sogdianapamir.tj/tajik-cities/sogd-region/penjikent.html]</ref>.
Саразм дар соҳили чапи яке аз дарёҳои бузурги [[Осиёи Миёна]] - [[Зарафшон]], дар баландии 910 м аз сатҳи баҳр 15 км аз ш. [[Панҷакент]] ва 45 км дуртар аз ш.[[Самарқанд]] ҷойгир аст. <ref>http://www.sogdianapamir.tj/tajik-cities/sogd-region/penjikent.html</ref>. ҷойгир аст.
 
== Санагузорӣ ==
Line 7 ⟶ 9:
== Ҳафриёт==
Барои илми бостоншиносӣ, умуман барои кулли инсоният кашфи бошишгоҳи Саразм бозёфти беназир будааст. Бояд таъкид кард, ки заҳматҳои нахусткашшофи Саразм Абдулло Исҳоқиро нимаи дуюми солҳои 70 саромад. Бо амри тасодуф пиронсоле як сокини маҳаллӣ бо насаби Тайлонов табарзин меёбад ва пас аз шаш соли андеша оқибат онро ба Исҳоқӣ медиҳад ва сири Саразм Рушан мешавад. Акнун бахти археолог механдад ва ковишҳо шурӯъ мегарданд.
Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кўчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кўраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нўги найза, мўҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии [[Туркманистон]], шимоли [[Эрон]] ва [[Балуҷистон]]у [[Сиистон]] иртиботи фарҳангӣ доштанд. Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тољикистон аст, ки [[31 июл]]и [[соли 2010]] Саразм ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии [[ЮНЕСКО]] дохил шудааст.<ref> [http://www.unesco.tj/tg/index/index/pageId/156/ Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО]</ref>
Шаҳркадаи Саразм масоҳати умумии 100 гектарро дарбар мегирад
Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кўчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кўраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нўги найза, мўҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Саразмиҳо бо сокинони ҷанубу шарқии [[Туркманистон]], шимоли [[Эрон]] ва [[Балуҷистон]]у [[Сиистон]] иртиботи фарҳангӣ доштанд.
Шаҳркадаи Саразм аввалин мероси таърихии Тољикистон аст, ки соли [[2010]] '''ба феҳристи мероси умумибашарии ЮНЕСКО''' дохил шудааст.
== Таърих ==
Шаҳрсозӣ дар тамоми сайёраи Замин ҳанӯз дар миёнаи дуюми ҳазораи IV ва ибтидои ҳазораи III қабл аз мелод дар Шумеру Акад ва Мисру Ҳиндустон, дар ҳазораи III-II дар Чин, ҳазораи I дар Мезоамерика ва танҳо дар ҳазораи II пеш аз милод дар Аврупои шарқӣ оғоз шудаанд. Ана Саразми Панҷакенти Тоҷикистон ҳам дар охири ҳазораи IV пеш аз милод вобаста ба хамун сол рушд кардаасту инкишоф. Ба чандин далел метавон Саразмро шаҳри қадима чи ки ҳатто пеш аз қадима номид. Вижа, биноҳои монументали, кӯчаҳои сангфаршуда, нобаробарии молу мулки, ба табақаҳои иҷтимои ҷудошавии ҷомеъа, савдову тиҷорат, дӯконҳои сонеъи, кишоварзӣ, чорводории айлоқӣ ва хонагӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заргарӣ, бофадандагиву ресандагӣ, чармгарӣ, сангтарошӣ ва коркарди чӯб хуллас ҳама чи ки он вақт буд ва ҳоло ҳам ин пешаҳо маъмуланд. Ҳамин аст рукнҳои шаҳрсозӣ, ки хоси Осиё мебошанд. Аслан наметонад як қабила бе кӯмаку дастгирӣ ва мубодилаи таҷрибаи қабилаи ғайр ба муддати тӯлони пойдор бимонад. Мавкеъи ҷуғрофии Саразм имкон дод, ки аз қавму қабоили дигар дониши иловагӣ гиранду бо дониши хеш онро синтез кунанд. Инчунин ба пешрафти савдову тиҷорати байни қабилаҳо, ки яке аз роҳҳои марказии он аз Саразм мегузашт, пеш аз хама нишонаҳои зерин асос шудаанд: тахассуси байниқабилавӣ, алоҳида рушд кардани кишоварзӣ аз ҳунармандӣ, аммо дар шакли мутамарказ, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва васоити истеҳсолот, пешрафти чорводории хонагӣ ва коҳиш ёфтани мавқеъи шикор дар ҷомеъа, азхудкунии сарватҳои табии ва бисёр-бисёр чизи дигар. Ин муҷиб ба он шуда, ки суғдзамин ҳам ба воситаи Саразми бостонӣ ба роҳи абрешим шомил мегардад.
Сатри 34:
Дар масоҳати беш аз 100 га Саразмро бунёд кардаанд ва аҳолии он аз 3000 нафар иборат буда, дар марҳилаи интиҳоӣ, оқибат қариб, ки ба 10000 мерасад. Замони заволи Саразм аниқ аст, аммо сабабаш не. Танҳо ҳадс задан мумкин аст, ки ё аз хушк шудани сойи болои шаҳристон мардум ин ҷоро тарк кардаанд ва ё ҳодисаи табиие ба мисли Шарораи ҳозира онро ба харобазор табдил додаст. Ҳоло баъзе бозёфтҳо дар музейи Саразм маҳфузанд, вале аз сабаби набудани лабаратория ба вайроншавӣ даромадаанд.<ref> [http://www.safina.tj/sarazm_va_panjakent.html Саразм ва Панҷакент/ТВ Сафина]</ref>
== Манобеъ ==
* Исаков А. Саразм. — Душанбе, 1991.
*
* Раззоков А. Саразм. — Душанбе, 2009
==Пайвандҳои беруна==
Сатри 46:
* [http://www.advantour.com/rus/tajikistan/penjikent/sarazm-settlement.htm Пенджикент - Поселение Саразм]
 
 
[[Гурӯҳ: Осиё]]
[[Гурӯҳ: Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ: Таърихи Тоҷикистон]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Саразм"