Резишгоҳ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
Саҳифаи нав: Резишгоҳ, ҷои ба баҳр, кӯл ва дарёи дигар рехтани оби ягон наҳр. Ҷои дар биёбони регзор барҳам х...
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
 
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х бот: ислоҳ карда истодааст
Сатри 1:
'''Резишгоҳ,''' — ҷои ба баҳр, кӯл ва дарёи дигар рехтани оби ягон наҳр. Ҷои дар биёбони регзор барҳам хӯрдани дарёро низ резишгоҳ меноманд. Резишгоҳ якчанд хел аст: резишгоҳи оддӣ — маҷрои дарё дар резишгоҳи худ ба шохаю обравҳо тақсим намешавад (мас., дарёи Тибр); делта — маҷрои дарьё дар назди резишгоҳ ба шохаҳо ва обраву обгузарҳо тақсим мешавад (дарёи Волга); эстуарий — резишгоҳи қифшакле, ки ба тарафи баҳр васеъ шуда меравад (дарёи Темза) ; Pезишгоҳ лиманӣ — Pезишгоҳи васеи халиҷмонанд, ки дар натиҷаи зери оби баҳр мондани водии дарё ҳосил шудааст (дарёи Буги Ҷанубй); Резишгоҳи муаллақ — ба шохоби дарёҳои кӯҳӣ хос аст (ба шарте, ки резишгоҳи дарёи кӯҳӣ нисбат ба дарёи асосӣ баландтар бошад); Pезишгоҳи саргум — ба он дарёҳое мансуб аст, ки то баҳр ё кӯл нарасида, дар дашту биёбонҳо барҳам мехӯранд. Аксари бандарнои калонро дар резишгоҳ месозанд.
 
{{ЭСТ}}